Хушхабар: шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ кушода шуд

© Фото : Аз саҳифаи фейсбуки Нилуфар АсламшоеваРоҳи Дарвоз
Роҳи Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соати 07:40 субҳи 24 июли соли 2017 шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қароқурум кушода шуд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik.  Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар медиҳад.

Соате пеш Асламшоева дар саҳифаи фейсбукаш дар бораи талошҳои охирин барои барқарор намудани қитъаи роҳи осебдида дар деҳаи Ширговад хабар дода буд.

Ва инак пас аз16 рӯзи роҳбандӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ бозсозӣ ва кушода шуд.

"Соати 07:40  субҳи 24 июли соли 2017 шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қароқурум кушода шуд", — омадааст дар хабарнома.

Бозсозии роҳи Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Дарвоз: се таркиш дар як рӯз ва бозсозии 375 метр роҳ

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июл дар паи чаппа шудани заврақи наҷотдиҳандагон дар рӯди Панҷ дар ноҳияи Дарвоз се кас ҷон бохта ва чаҳор кас захмӣ шуда буданд.

Дар ин ҳодиса корманди ШВКД дар ноҳияи Рӯшон Анвар Ёдалиев, корманди Вазорати дифоъ Наим Саъдуллоев ва кӯдаки 10-сола Фирӯза Акобирова аз ноҳияи Дарвоз дар рӯди Панҷ ғарқ шуда ва Дороб Лангаров, Мутрибшо Толибшоев, Раҳимҷон Ҷавҳариев ва Худодод Ваҳҳобов захм бардоштаанд.

Рӯзи 8 ва 9 июл аз дараҳое дар каронаи афғонистонии Дарвоз селу гилшор фурӯ рехта ва бистари рӯди Панҷро дар ду ҷо баст.

Дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар бахшҳои Нусай, Шикай ва Кӯфоб дар Афғонистон 14 кас куштаву 20 кас захмӣ ва дар 143 хона куллан ва 55 хона қисман вайрон ва 16 нерӯгоҳи хурди барқобӣ, 22 ҷӯйбор, 13 бунгоҳи обрасонӣ, 2,5 килуметр роҳ ва 11 пул нобуд шуданд.

Дар канораи тоҷикистонии рӯди Панҷ рустоҳои Хостав ва Ширговад аз сел осеб диданд.

Лентаи хабарҳо
0