00:17 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода

ҲАСАД Ё БУХЛ?!!: ҷавоби мудири Китобхонаи миллӣ ба як барномаи Телевизиони Тоҷикистон

© Сомонаи Сайфиддин Назарзода
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
183 0 0

Мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаноби Назарзода бо нашри мақолае бо номи "Ҳасад ё бухл?!!" ба як барномаи Телевизиони Тоҷикистон вокуниш нишон додааст

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Шабакаи Телевизони Тоҷикистон рӯзи 8-уми август барномаеро пахш намуда, дар он дар бораи нақзи Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон" гузориш додааст. Тавре аз шарҳи мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода маълум мешавад, дар он барнома маъракаи тӯйи писари мудир низ баррасӣ гардидааст.  Посухи ҷаноби Назарзодаро ба барномаи мазкур бидуни вироиш пешкаши хонандагон мекунем:

— Бо арзи эҳтиром ба маълумоти хонандагон мерасонам, ки чун ҳазорон падари ин сарзамин, банда низ фарзандам Назарзода Фирдавсро санаи 30.07.17 хонадор намудам. Аммо аз чӣ бошад, ки дар Телевизиони Тоҷикистон рӯзи 08.08.17 барномае пахш гардид, ки як бахши он ба тӯйи писари ман алоқаманд буд ва дар барнома аз ман ном гирифта шуд, ки гӯё дар тӯйи писарам ба қонунвайронкунӣ роҳ дода бошам. Аммо чун ҳақиқат чизи дигар аст, тасмим гирифтам, ҳақиқатро ба хонандагон бирасонам.

Дар барномаи телевизионӣ гӯё оши наҳорро ман гузаронидаам ва дар он зиёда аз 300 нафар иштирок карда бошад ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" вайрон шуда бошад гуфта ба шаъну шарафи банда, ки яке аз ҷонибдорон ва мубаллиғони Қонуни мазкур мебошам, иснод оварда шуд. Ҳақиқат ин аст, ки оши тӯйи фарзандонам Ҳусноро ва Фирдавс бо ташаббус ва даъвати қудо-Ҳабибуллоев Тоҷиддин баргузор гардид, ки ман дар он ҳамчун меҳмон ширкат кардам ва он дар асоси иҷозатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ аз 29 июли соли 2017, №142/8, баргузор шудааст. Тибқи санад, бояд маърака аз соати 08:00 то 11:00 баргузор мешуд, вале бо маслиҳати тарафайн он на се соат, балки ду соат баргузор гардид. Яъне тамоми даъвоҳои дар барнома буда бепоя мебошанд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", тӯйи домодию арӯсӣ "дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб" гуфта шудааст. Маъракаи мазкур низ комилан ҷавобгӯ ба талаботи Қонун буда, дар он ягон банди қонун нақз нашудааст. Аммо гузориши телевизионӣ, ки оинаи ибратомӯзи миллат аст, моддаи 14-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 133 ва 134-и Кодекси мурофиавии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нақз намуда, бар шаъну шарафи банда ва хонаводаи ман иснод овард.

Ҳамчунин, рӯзи 30.07.2017 ҳангоми баргузории маросими ақди никоҳ аз тарафи мо 4 мошини сабукрав ҷудо шуда буд. Дар тамоми хатти сайри арӯсу домод (назди хонаи арӯсу домод, ҳангоми омадан ба хонаи ақди никоҳ, дар назди Боғи Ирам, дар назди кохи Наврӯзгоҳ, дар назди тарабхонаи "Шоира-люкс") мошинҳо дар як гурӯҳ ҳаракат мекарданд, ки комилан мувофиқи қонунгузорӣ мебошад. Мошинҳоро ҳатто кормандони БДА дар назди Боғи Ирам аз санҷиш гузарониданд ва чун қонунвайронкунӣ вуҷуд надошт, мошинҳоро раҳо карданд.

Зиёфати арӯсу домод низ, ки дар тарабхонаи "Шоира-люкс" доир гардид, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор шуда, ба ғайр аз шахсони хидматрасон 150 нафар меҳмон даъват шуда буд, ки аз он 65 нафар ба ҷониби арӯс тааллуқ дошт. Вале бо таассуфи зиёд на ҳамаи даъватшудагон дар тӯй иштирок намуданд. Дар тарабхона тақрибан 110 ва ё 120 нафар иштирок намуданд.

Хулоса, таҳлили баргузории тӯй дар рӯзҳои 29.07.17 ва 30.07.017 нишон медиҳад, ки он бо риояи тамоми меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шудааст.

Обрӯву эътибори шахс дар ҷомеа дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ ба миён меояд, вале бо дасисаву туҳмати чанд нафар дар як лаҳза метавонад аз байн биравад. Қонунмеҳварӣ, ки яке аз принсипҳои асосии банда дар зиндагӣ аст ва пайдо шудани ин туҳмату буҳтон ва дасисаҳо дар ростои ман нишондиҳандаи он аст, ки ғаразварзон пайи бад кардани номи ман ҳастанд. Муҳимтар аз ҳама дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳукмрон аст, ки ман ба он бовар дорам ва умедворам мақомоти судӣ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳанд кард.

Бо камоли иродатмандӣ,

Назарзода Сайфиддин

директори Китобхонаи миллӣ

Барчаспҳо:
маърака, танзим, Сайфиддин Назарзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ