Ошпазҳои Узбакистон мехоҳанд бо пухтани палав рекордшиканӣ кунанд

© Фестиваля "Культ плова" В Санкт-Петербурге прошел благотворительный фестиваль "Культ плова"
В Санкт-Петербурге прошел благотворительный фестиваль Культ плова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ошпазҳои Узбакистон мехоҳанд бо пухтани палав дар деги ҳаштҳазорлитрӣ рекорди ҷаҳонии пухтупазро ба даст оваранд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ин палав дар чорчӯби ҷашнвораи фарҳангии "Узбегим" пухта шавад, ки 8 сентябр баргузор хоҳад шуд. Қарор аст ин ошпазиро дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт кунанд.

Фестиваль-конкурс “Оши палав” - Sputnik Тоҷикистон
Дар "Қалъаи Хуҷанд" ҷашнвораи "Оши палав" баргузор мешавад

Ба гузориши Sputnik Узбакистон, барои даст ёфтан ба ин рекорд ошпазҳо дар шаҳри Олмалиқ чанде пеш дар як деги бузург палав пухтаанд. Ин дег 4,2 метр қутр ва 8000 литр ҳаҷм дошта ва дар Корхонаи истихроҷи маъдани Олмалиқ махсус барои ҳамин ошпазӣ рехта шудааст.

Барои пухтани ин як дег палав, ки 6 тон вазн дошта, 826 кг гӯшти гов, 825,5 кг гӯшти гӯсфанд, 195 кг рӯғани думба, 1650 кг биринҷ, 2,4 тон сабзӣ, 185 кг пиёз, 350 литр рӯғани рустанӣ, 480 кг намак, 4,5 кг зира,- 165 кг зирк, 90 кг нахуд ва 3 кг мурчу филфил ба кор бурда шудааст.

Гуфта мешавад, ин палавро 50 ошпази номдор аз саросари Узбакистон пухта ва 22 ҳазор олмалиқӣ хӯрдаанд.

Лентаи хабарҳо
0