00:13 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Пӯшоки мактабӣ. Акс аз бойгонӣ

Пӯшоки мактабӣ: кумаки шаҳрдории Исфара ба 28 кӯдак аз хонаводаҳои бенаво

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Шаҳрдории Исфара ба бисту ҳашт донишомӯз пӯшоки мактабӣ ва донишафзор тақдим кард

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Шаҳрдории Исфара дар остонаи оғози соли нави хониш ба бархе аз донишомӯзони бесарпараст ва камнаво пӯшоки мактабӣ ва донишафзор тақдим кард.

Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳрдори Исфара Дилшод Ҷабборӣ ва раисони ҷамоатҳо дар чорчӯби барномаи хайрияи "Роҳ ба сӯи мактаб" ба 28 кӯдак аз хонаводаҳои камнаво ва бесарпараст пӯшоки мактабӣ ва китобу дафтару навиштафзор тақдим карданд.

Пештар хабар дода будем, ки Вазорати маорифу илми Тоҷикистон бо интишори дастурламале пӯшокеро барои донишомӯзони мактабҳои кишвар пешниҳод кардааст.

Дар ин дастурамал гуфта мешавад, ки донишомӯзони духтар набояд дар мактабҳо ҳиҷобу доманҳои тангу кӯтоҳ пӯшанд. Ҳамчунин ороиши чеҳра, доштани нохунҳои дароз ва бештар аз як ҷуфт гӯшвор ва ангуштарӣ мамнуъ шудааст.

Бино бар ин санад, донишомӯзон иҷоза доранд сарбанду кулоҳи тоҷикӣ бар сар гузоранд.

Донишомӯзони писар ҳам набояд риш монанд ва мӯйҳояшонро дароз кунанд.

Мавзуъ

Ҳама ба дарс тайёр: дар Конибодом намоишгоҳи пӯшоки мактабӣ ташкил шуд
Раисҷумҳур ба сохтмони мактаб дар ноҳияи Носири Хусрав баҳои баланд дод
Дастури Қодирӣ ба омӯзгорон: забони давлатӣ дар сатҳи зарурӣ омӯзонида шавад
Барчаспҳо:
пӯшоки мактабӣ, 28 хонанда, Дилшод Ҷабборӣ, Исфара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ