00:03 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ақду никоҳ

Даъвати СММ аз ҶТ: издивоҷи мардони хориҷиро бо духтарони тоҷик иҷоза диҳед

© Sputnik / Александр Кожохин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
122502

Ҳамчунин ин созмон ақду никоҳи мусулмониро бе сабти он дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ маҳкум карда, чунин анъанаро маҳдуд кардани ҳуқуқи иқтисодии занон ҳангоми ҷудошавӣ гуфтааст

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Гурӯҳи коршиносони мустақили СММ оид ба мубориза бар зидди табъизи нажодӣ, аз Тоҷикистон даъват карданд, то ислоҳи Кодекси оиларо, ки мувофиқи он хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳуқуқи хонадор шудан бо занони тоҷикро аз даст хоҳанд дод, бекор кунанд.

Дар ин бора дар торномаи маркази СММ хабар дода шудааст.

Ба фикри коршиносон чунин маҳдудиятҳо нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи интихоби ҳамсар мебошад.

"Кумитаи ислоҳи Кодекси оиларо дар робита бо пешгирӣ аз фурӯши одамон ва муҳофизати занони тоҷик, қабул дорад. Дар баробари ин Кумита қайд мекунад, ки ислоҳот набояд ба ҳич ваҷҳ озодиҳои аслии инсон аз ҷумла ташкили хонавода ва интихоби ҳамсарро маҳдуд кунад", — омадааст дар хабарнома.

Мавзуъ

Раисҷумҳур дар Ваҳдат: ширкат дар тӯй ва ифтитоҳи бинои 20-ошёна
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим: "қарзгирӣ барои тӯй кам шудааст"
Домоди гурезпой: боздошти шоҳ барои напардохтани пули банкети тӯй дар Маскав
Барчаспҳо:
нақзи ҳуқуқи инсон, СММ, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ