Иди Қурбон: 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима барои забҳи чорво хориҷ аз кушторгоҳ

© SputnikПразднование Иди Курбон в Душанбе
Празднование Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе дар остонаи иди Қурбон барои забҳи ҷорво кушторгоҳҳоеро муқаррар карда буд. Акнун барои сарпечӣ аз иҷрои ин муқаррарот ҷарима низ муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе барои забҳи чорвои қурбонӣ хориҷ аз ин кушторгоҳҳо аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар кардааст.   

Куштори чорво дар бахши маскунии шаҳр акидан мамнуъ шуда ва танҳо дар кушторгоҳҳое муҷоз аст, ки ному нишонашонро шаҳрвандон метавонанд аз раҳбарони маҳаллаҳову ноҳияашон дарёфт кунанд.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе барои забҳи чорвои қурбонӣ кушторгоҳҳо ташкил мекунад

Шаҳрдорӣ барои забҳи чорво 93 кушторгоҳ ташкил карда, ки аз он 20 кушторгоҳ дар ноҳияи Исмоил Сомонӣ, 17 то дар ноҳияи Шоҳмансур, 15 то дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 41 кушторгоҳ дар ноҳияи Сино ҷой доранд.

Пеш аз ин Рустам Эмомалӣ раҳбарони ноҳияҳо, Маркази назорати давлатии беҳдоштиву эпидемиологӣ ва Раёсати назорати давлатии домпизишкиро муваззаф карда, ки бо ҷалби раисони маҳаллаҳо дар шаҳри Душанбе кушторгоҳҳои муваққатии чорворо ташкил намоянд.

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии шаҳрдорӣ, чорвои қурбонӣ дар кушторгоҳҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла "Комбинати гӯшту консерва" дар хиёбони Фучик, 4, ширкати «Ангара» дар маҳаллаи "Роҳи нав", "Маҷмаъаи байторӣ" дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва кушторгоҳи "Ёвар-11" дар ноҳияи Рӯдакӣ забҳу фурӯхта хоҳад шуд.

Ҳамчунин қарор шуда, ки аз 26 август то 5 сентябр назди бозорҳои шаҳрӣ фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ниёзи аввалия ва маҳсулоти кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ташкил карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0