00:32 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Встреча лидеров БРИКС

Даъвати Раҳмон аз аъзоёни БРИКС: ба масъалаи кумакҳои расмӣ, аҳамият диҳед

© Sputnik / Михаил Метцель/ТАСС/POOL
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин (16)
136 0 0

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нишасти кишварҳои аъзои БРИКС даъват кард, ки ба кумакҳои расмӣ барои рушд, таҳкими иқтидорҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва афзун намудани истеҳсоли "энергияи сабз" аҳамияти зарурӣ диҳанд

ДУШАНБЕ, 5 сен— Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, имрӯз дар шаҳри Сямени Чин, Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС сухан гуфт.

Раисҷумҳур нахуст ба кишвардори Чин  Си Ҷинпин барои даъвати ҷониби Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, баргузории ин ҳамоишро имконияти мусоиди баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон аз аъзоёни БРИКС даъват карда, ки "ба масъалаи афзоиш додани кӯмакҳои расмӣ барои рушд, таҳкими иқтидорҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, дастрасӣ ба энергияи боэътимод тавассути сармоягузорӣ ба соҳаи гидроэнергетика ва афзун намудани истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаю барқароршаванда ё худ "энергияи сабз"  аҳамияти зарурӣ диҳанд".

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишасти БРИКС-ро ба мушкилоти дигари байналмилалӣ-тағйирёбии иқлим, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибатҳои ногувор дорад, ҷалб намуда таъкид кардааст, ки агар шарикии давлатҳо дар пешгирии ин ҳолати ногувор тақвият бахшида шавад ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди дастрасӣ ба рушди устувор имконпазир мегардад.

Яке аз роҳҳои дигари дастрасӣ ба рушди устуворро раисҷумҳур дар  тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ ва фаъолияти боэътимоди сохтори амалкунандаи нақлиёти миллӣ ва минтақавӣ арзёбӣ шуда, ҳамкорӣ дар доираи Рӯзномаи 2030, сохторҳои "Як камарбанд-як роҳ" ва "Ҷануб- Ҷануб" ҳамчун воситаи муҳими тақвиятбахши ҳамгироӣ дар самти пешрафти ҷараёнҳои глобалӣ ва идораи иқтисодӣ маънидод кард.

Дар кори ин нишаст Раиси Ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин, раисҷумҳури Русия Владимир Путин, кишвардори Бразилия Мишел Темер, президенти Ҷумҳурии Африқоии Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси,  ИМА Мексика Энрике Пеня Нето, раисҷумҳури Гвинея Алфа Конде ва сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча ширкат карданд.

Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин (16)
Барчаспҳо:
БРИКС, Эмомалӣ Раҳмон, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ