00:29 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Вазорати фарҳанги ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Озмуни вазорат барои ишғоли ҳафт вазифа

© Sputnik Амир Исаев
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
166 0 0

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои ишғоли ҳафт вазифа озмуни кушод эълом кардааст

ДУШАНБЕ, 12 сент— Sputnik. Ба гузориши равобити умуми вазорат, ин ниҳод барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.

Вазорат барои ишғоли ҳафт вазифа: сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат, сармутахассиси раёсати санъат, сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ озмуни кушод эълом кардааст.

Дар озмун хоҳишмандоне, ки дорои маълумоти олии мувофиқ ба вазифаҳои пешниҳодшуда, метавонанд ширкат кунанд.

Барои ҳамаи довталабон барои дарёфти ин ҳафт ҷои кор донистани забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ ҳатмӣ аст.

Аз довталабон ҳамчунин доштани малакаи кор бо компютер ва таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос талаб мешавад.

Манбаъ меафзояд, ки муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо (дар муҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун) — яъне 28 сентябри соли равон муқаррар шудааст.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо ва баргузории озмун: 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34, тел. 223-19-71 ва 221-04-23. Почтаи электронии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон vfarhang@mail.ru.

Маълумоти бештареро дар бораи шартҳои озмун, номгӯи ҳуҷҷатҳо ва музди кор дар торномаи вазорат дарёфт карда метавонед.

Барчаспҳо:
ишғоли ҷои кори холӣ, озмун, Вазорати фарҳанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ