10:47 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Дастони баста

ВУД: ҷавондухтари 18-сола ба иттиҳоми даллагӣ дастгир шуд

© Flickr/ Kiran Foster
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Номбурда духтари ҷавони дигареро бо марди 39-солаи пойтахт барои муносибатҳои маҳрамона шинос кардааст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, духтари ҷавонеро бо иттиҳоми даллагӣ дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин духтар 18-сол дорад ва сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аст.

ВУД меафзояд, номбурда рӯзи гузашта дар кӯчаи Аҳмади Дониш духтари ҷавони дигареро бо марди 39-солаи пойтахт барои муносибатҳои маҳрамона шинос карда, аз онҳо 50-дулори амрикоӣ мегирад.

Бо далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
даллагӣ, ВУД Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ