04:03 22 октябри 2017
Пахши мустақим
Рустам Эмомали

Рустам Эмомалӣ шаҳри Душанберо ба хунукӣ "омода" мекунад

© Фото: Официальный сайт президента РУз
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
233 0 0

Рустам Эмомалӣ дар бораи даъват кардани вакилон ба иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳри Душанбе, дар ин маҷлис аз ҷумла масъалаи омодагӣ ба фасли зимистон баррасӣ мешавад.

"Ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба рафти иҷрои қарори раиси пойтахт “Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе” ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе низ ба рӯзномаи иҷлосия ворид шудааст", — омадааст дар қарор.

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 25 сентябр, соати 9: 00 дар толори мақомоти  шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 баргузор мешавад.

Ба иттилоъи манбаъ, ду вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколатҳои худро қабл аз муҳлат қатъ мекунанд.

Масъалаи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67 дар иҷлосияи дувоздаҳуми ин маҷлис баррасӣ хоҳад шуд.

Мавзуъ

Рустам Эмомалӣ пешниҳод мекунад, ки оғози соати дарсии донишҷӯён тағйир дода шавад
Рустам Эмомалӣ пеш аз оғози соли таҳсил донишомӯзонро дастгирӣ мекунад
Рустам Эмомалӣ қарор кард, ки дар назди раиси шаҳри Душанбе шӯрои дигаре таъсис ёбад
Чил дастаи футбол барои дарёфти Ҷоми Рустам Эмомалӣ рақобат мекунанд
Рустам Эмомалӣ барои маҳаллаи беҳтарини Душанбе 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад
Барчаспҳо:
ба итмом расидани ваколати ду вакил, баррасии масоили омодагӣ ба зимистон, Рустам Эмомалӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ