23:40 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Парвиз Ибрагимов, архивное фото

Як муҳоҷири тоҷик барои кӯмак ба фирориёни Миёнмор рафт

© Со страницы "Одноклассники"
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
436 0 0

Парвиз Иброҳимов- як муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав иқомат мекунад ва дар Ютуб шабакаи худро бо ном "Фонд таджика" дорад, ба Бангладеш барои кӯмак ба фирориён рӯҳинҷа сафар кардааст

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Парвиз Иброҳимов- як муҳоҷири тоҷик аст, ки бо кӯмакҳояш ба муҳоҷирон ва дармондагон дар шабакаи Ютуб машҳур аст.

Номбурда чанде дар канали худ иттилоъ дода буд, ки барои кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ ба ноҳияи Дарвози Тоҷикистон сафар дорад.

Рӯзи гузашта навори дигаре дар шабакаи вай-"Фонд таджика" мунташир карда шуд, ки мегуфт мақсад дорад ба хотири кӯмак ба фирориёни Миёнмор ба Бангладеш сафар кунад.

Вай хоҳиш намуд, ки барои амалӣ намудани ин мақсад ба вай хоҳишмандон ва саховатпешагон кӯмак кунанд.

Дар навори дигаре Парвиз Иброҳимов  хабар медиҳад, ки ба Бангладеш — шаҳри Даққа расидааст ва аз номи тоҷикон кӯмакашро мерасонад ва фардо ба лагери фирориён мерасад ва новори дигареро пешниҳод мекунад.

"Мо имрӯз ба Бангладеш расидем, то аз номи тамоми тоҷикон аввалин қадамҳои худро дар роҳи кӯмак ба фирориёни Миёнмор расонем",- меафзояд вай.

Вай аз ҳамаи мусулмонон даъват мекунад, ки новобаста аз миллаташон ҳамдигарро дӯст доранд ва ба якдигар кӯмак кунанд.

"Ман аз ҳамаи мусулмонон- тоҷикону узбакон, қирғизону ингушетиҳо, доғистониҳову чеченҳо даъват мекунам, ки  бетараф набошед, ба ҳамдигар кӯмак кунед ва якдигарро дӯст доред. Ман тоҷик ҳам бошам, онҳо мусулмононад ва ман мусалмон ҳастам, барои ҳамин онҳоро бародарону хоҳарони худ ҳисоб мекунам. Якдигарро эҳтиром кунед ва дӯст доред ва Аллоҳ ҳам шуморо дӯст хоҳад дошт",- мегӯяд вай.

Парвиз Иброҳимов яке аз муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар Ютуб шабакаи хешро бо номи "Фонд Таджика" ташкил кардааст. Вай дар шабакааш наворҳоеро аз кумакаш ба ниёзмандон нашр мекунад.
Худи Парвиз дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, "Фонд таджика" танҳо номи шабакааш дар Ютуб буда бунёди хайриявие нест.
Чанде пеш Парвиз бо ҳамдастӣии муҳоҷирон Иззат ном "бомж"-и тоҷикро ба Тоҷикистон гусел кард.

Вазъ дар иёлати Рохин дар ҷанубу ғарби Миёнмор аз 25-уми август бад-ин сӯ бисёр бад шудааст. Мардуми роҳинҷо дар паи ҳамлаҳои ҷангиён аз ин минтақа ба Банглодеш фирор мекунад.

Руҳинҷо мардуме мусулмон ҳастанд, ки дар иёлати Рохин дар Миёнмор зиндагӣ мекунад. Руҳинҷо худро мардуми бумии иёлати Рохин мешуморанд, вале гурӯҳҳое аз миёнмориён онҳоро мардуме омада аз Банглодеш медонанд ва аз кишварашон меронанд.

Барчаспҳо:
фирорӣ, кӯмак, Парвиз Иброҳимов, мусалмонон, Миёнмор, Дар ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ