05:24 12 декабри 2017
Пахши мустақим
Фурӯшгоҳи Маскав-и Люблино

Манбаъ: Муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд тазоҳуроти дигаре баргузор кунанд

© Sputnik / Андрей Стенин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" (9)
187 0 0

Як манбаи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик қасд доранд имрӯз шом дар назди бозори "Москва" ҷамъ омада аз масъулини бозор шарҳи қазияи лату кӯби аробакашони тоҷикро талаб кунанд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Як манбаи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки муҳоҷирони тоҷик созиш кардаанд, ки дар назди фурӯшгоҳи "Москва" тазоҳуроти дигаре баргузор кунанд.

Бино бар иттилои манбаъ, онҳо маслиҳат кардаанд, ки имрӯз шом ҷамъ омада, аз масъулини бозор талаб кунанд, ки қазияи лату кӯби аробакашони тоҷикро шарҳ диҳанд. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, тазоҳургарони дирӯзиро, ки пулиси Маскав боздошт кардааст, озод кунанд.

Намояндаи Комиссияи сиёсати муҳоҷиратии Москва Александр Калинин ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки имрӯз ҳам назди фурӯшгоҳи "Москва" 150 муҳоҷири тоҷик ҷамъ омаданд.

Ин амали тазоҳургаронро намояндаи комиссияи муҳоҷиратии Маскав ғайриқонунӣ хонд ва гуфт, дар доираи қавонуни Русия ин қазияи лату кӯби муҳоҷир ҳал хоҳад шуд.

Чуноне ки яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ  хабар дод, имрӯз низ муҳоҷирони тоҷик дар назди фурӯшгоҳ ҷамъ омада буданд.

Дар наворе, ки аз ӯ дарёфт кардем, дида мешавад, ки як масъули бозор ба назди тазоҳургарон омада ба суолҳои онҳо посух медиҳад.

Кормандони нерӯҳои интизомӣ чанд бор аз ҷамъомадагон дархост мекунанд, ки назму тартиботи иҷтимоъиро риоя кунанду пароканда шаванд. Аммо тазоҳуркунандагон сарпечӣ мекунанд ва пас аз чанде кормандони пулис омада онҳоро пароканда ва бархеро боздошт мекунанд.

Бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, ки кормандони ВУД Русия шаби 20-уми сентябр дар бозори "Москва" дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав камобеш 100 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар инҷо ҷамъ шуда, аз мудирияти бозор талаб кардаанд, ки нигаҳбонҳоеро, ки Наврӯз Каримовро лату кӯб кардаанд, ба додгоҳ бикашанд.
Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷири тоҷик, ки дар бозор аробакашӣ мекарда, бе иҷозаи нигаҳбонон бору колоҳоро аз як роста ба дигар роста бурда, ки хашми нигаҳбононро бар ангехтааст.
Намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, алъон вазъи Наврӯз Каримовро пизишкон хуб арзёбӣ мекунанд.
Бародари Наврӯз Каримов гуфт, додараш саломат аст ва имрӯз пизишкон барои дидор бо вай иҷоза медиҳанд.
Иззат Амон-ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, бо даъвати мақомоти тоҷик аз тазоҳурот дар назди фурӯшгоҳи "Москва" даст кашидааст, то муҳоҷирон аз сари эҳсос даст ба хато назананд.
Мавзуҳо:
Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва" (9)
Барчаспҳо:
латту кӯб, пулис, боздошт, муҳоҷирон, тазоҳургарон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ