23:42 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Фейсбук, акс аз бойгонӣ

Изҳороти Отамбоев нисбати Назарбоев корбарони фейсбукро ба хашм овард

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
147 0 0

Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбк Отамбоев роҳбарияти Қазоқистонро дар дахолат ба интихоботи президентӣ дар ин кишвар айбдор кард

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Қазоқистон, суханони Отамбоев нисбати Назарбоев корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба хашм овардааст.

"Албатта, агар ин гап дуруст бошад…вале онро бояд санҷид! Бо ҳамсояе, ки бузургтар ва бойтар аст набояд чунин рафтор кард, бояд хирадмандтар буд. Аҷиб аст, ки пештар суханон нисбати Қазоқистон дигаргуна буданд", — навиштааст Бахит Абдукаримов.

Канибек Мамашов бар ин аст, ки дар ҳошияи раъйпурсӣ набояд чунин зиддиятҳо рух диҳад.

"Чаро ба оши дигарон қатӣ мешаванд, ё Назарбоев шахсан писанди Отамбоев нест? Пеш аз рафтан аз симат беҳтараш хотираи нек боқӣ монад", — навиштааст ӯ.

Корбари дигаре ҳам навишта, ки "мардони воқеъӣ чунин рафтор намекунанд".

"Марди воқеъӣ чунин рафтор намекунад, шаш сол хомӯш буду акнун пеш аз рафтан қувва гирифт", — навиштааст ӯ.

Отамбоев рӯзи 7-уми октябр дар як ҳамоиш гуфт, "ман як интихоботи шаффоф баргузор хоҳам кард. Ҳар халқ ҳокимашро бояд худ интихоб кунад. Ва раҳбар муваззаф аст, ба онҳое, ки ӯро интихоб кардаанд, хидмат намояд. Ҳоло хуб дарк мекунам, ки чаро ҳукумати Қазоқистон мехоҳад, чунин раҳбаронро ба мо таҳмил кунад."

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 8-уми октябр ба ин изҳори назари Алмосбек Отамбоев вокуниш кард. Вазорат гуфт, ки чунин изҳорот ба нафъи равобити дӯстонаи ду кишвар нахоҳад буд.

Барчаспҳо:
хашмгин, Алмосбек Отамбоев, Нурсултон Назарбоев, Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ