Ҷанҷол дар масҷид: рафтори Холдоров корбарони фейсбукро ба хашм овард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальная сеть "Фейсбук"
Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рафтори беҷои масъули бахши танзим дар масҷиди ноҳияи Рӯдакӣ корбароин Facebook-ро ба хашм овард

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Рафтори масъули бахши танзим, ки талаби бастани масҷидро карда суханҳои қабеҳ гуфтааст, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба хашм овардааст.

Дар наворе, ки дар шабакаи Youtube, нашр шудааст, намоён аст, ки марде бо шиму костюм ба ҳавлии масҷид ворид шудаву талаби бастани онро мекунад.

Ин мард дар вақти талаби бастани масҷид, чанд сухани қабеҳ ҳам ба забон меорад. Намозгузорон бошанд, таҳдид мекунанд, ки аз ӯ ба ҳукумат шикоят мебаранд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар Facebook рафтори ин мард ба хашм овардааст. Аксари ҷомеашиносон бар онанд, ки рафтори ӯ ношоиста аст ва бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Диловар Вализода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Диловар Вализода: Чаро дар Тоҷикистон ба ҷои салла калларо мебаранд?

"Ӯ чун ҳайвон рафтор мекунад", — навиштааст яке аз корбарон.

"Барои чунин суханон ӯро бояд танбеҳ дод", — розӣ шуда навиштааст корбари дигаре.

"Рафтори бад, ӯ одами мастеро мемонад", — қазоват кардааст сеюмӣ.

Дар баробари ин шахсияти ин мард аллакай муайян шудааст. Ҷомеашиноси фаъол Алӣ Ализод дар саҳифаи Facebook-и худ хабар дода, ки исми ин масъули бахши танзим Шокирҷон Холдоров аст. Ӯ мутахассиси бахши танзими расму оин дар қишлоқи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0