01:36 24 октябри 2017
Пахши мустақим
КЧС и Правительство Японии подписали новые проекты в сфере ЧС

Ҷопон дар Тоҷикистон 8 тарҳи ободониро иҷро кард

© КЧС Таджикистана
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Ҷопон аз соли 1996 то кунун дар Тоҷикистон 380 тарҳро ба маблағи куллии 30,7 милюн дулор иҷро кардааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА ба нақл аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, ин тарҳҳо дар чорчӯби Барномаи грантҳо барои тарҳҳои амнияти башарӣ (GGP) иҷро шудаанд.

Яке аз ин тарҳҳо, ки дар ноҳияи Шаҳринав иҷро шудааст, таҷҳизи Маркази коромӯзии камтавонон буда, ки бо ҳазинаи 8 923 дулор амалӣ шудааст.

Ҳамчунин дар Маркази хидматрасонии иҷтимоӣ ба бознишастагон ва камтавонони шаҳри Душанбе низ бо ҳазинаи 23 ҳазор дулор тарҳи бозсозӣ ва таҷҳиз амалӣ шудааст.

Севумин тарҳ дар ноҳияи Ванҷ иҷро шуда, ки сафорати Ҷопон ҳамроҳ бо ҳукумати ноҳия ва ҷамоати Водхӯд тарҳи сохтмони системаи оббёрӣ дар деҳаи Баравнро амалӣ кардаанд. Ин тарҳ  82 973 дулор арзиш дошта, ки онро барои бунёди ду истгоҳи обкашӣ ва обанбор ҳазина кардаанд.

Сафорати Ҷопон бо ҳукумати ноҳияи Рӯшон низ тарҳи бозсозии ҷӯи обёрӣ дар деҳаи Дерзудро бо ҳазинаи 82 958 дулор иҷро кардаанд.

Яке дигар аз тарҳҳо сохтмони бунгоҳи пизишкӣ ва мактаби ибтидоии №24 дар деҳаи Колхозобод аз рустоҳои ҷамоати Сучон дар ноҳияи Шуғнон буд, ки бо масрафи 89 001 дулор иҷро шудаанд.

Ҳамчунин тарҳи соҳилбандӣ ва беҳсозии системи обёрӣ дар 5 деҳаи ноҳияи Роштқалъа дар ҳамкорӣ бо созмони ФОКУС ва ҳазинаи 74 067 дулор ба поён расонида шудааст.

Аз дигар тарҳҳои муштараки Ҷопон ва Тоҷикистон тарҳи сохтмони бемористон дар ҷамоати Қизил Работ дар ноҳияи Мурғоб буда, ки дар рустои Тӯхтамиш сохта шудааст.

Барномаи Кумакҳои молӣ барои тарҳҳои амнияти башарии мардум (Grant Assistance for Grassroots Human Security Projects Programme (GGP)) тарҳи Барномаи ҷопонии тавсеъа аст. Ҷопон аз соли 1996 то кунун дар Тоҷикистон дар чорчӯби ин барнома 380 тарҳро ба маблағи куллии 30,7 милюн дулор иҷро кардааст.

Мавзуъ

Ҷопон дар Конибодом барои кӯдакони камтавон Маркази буду бош месозад
Чаро Ҷопон ба Тоҷикистон ёрӣ медиҳад?
Тоҷикистон аз Ҷопон чаҳор мошини барфрӯб дарёфт мекунад
Беҳбуди зиндагии рустоиён: дидори раиси ВМКБ бо раҳбари бунгоҳи Ҷопон
Давлати Ҷопон ба ду ноҳия дар Кӯҳистони Бадахшон кумак расонд
Ҷопон бо 3,9 милюн дулор фурудгоҳи Душанберо бозсозӣ мекунад
Энержӣ ва ларзашиносӣ: заминаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон
Пажӯҳишгар: ҷопониҳо заминларзаро пешгӯӣ хоҳанд кард
Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон”: Аслов оромии Афғонистонро масъалаи рӯз гуфт
Барчаспҳо:
ёрии башардӯстона, Ҷопон, Барномаи грантҳо барои тарҳҳои амнияти башарӣ (GGP), Сафорати Ҷопон дар Душанбе, Барномаи грантҳо барои тарҳҳои амнияти башарӣ (GGP), Тоҷикистон-Ҷопон

Мавзӯъҳои асосӣ