10:22 19 январи 2018
Пахши мустақим
Саидмукаррам Абдулқодирзода, акс аз бойгонӣ

Шурои уламои Тоҷикистон расман ба изҳороти муфтии Маскав посух дод

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
282 0 0

Ҳамкориҳои Шурои уламо бо ниҳодҳои расмии динии Русия ҳамкориҳои хуб доранд ва дар ҳамоишҳои динӣ нимз дар Русия ширкат варзидаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Шурои уламои Тоҷикистон ба изҳороти муфтии Маскав Албир Қурғонов посухи расмӣ дод. Дар посухе, ки дар сомонаи Маркази исломии Тоҷикистон мунташир шудааст, гуфта мешавад, ҳамкориҳои Шурои уламои Тоҷикистон ва ниҳодҳои расми Русия дар сатҳи хуб қарор доранд.

Муфтии Москва Албир Қурғонов пештар аз хатари ифротгаро шудани муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ҳушдор дода буд.

Ҳамчунин, муфтӣ афзуд Русия дар ин замина бо Тоҷикистон ҳамкорӣ меҷӯяд, аммо ниҳодҳои динии Тоҷикистон дар ин масъала беаҳамиятӣ мекунанд.
Дар посухи Шурои уламо омадааст:

Шурои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон баъди мутолиаи ахбори расонаҳо дар робита ба изҳороти муфтии шаҳри Москва Албир Қӯрғонов хабар медиҳад, ки ҳамкориҳои ин ҷониб бо ниҳодҳои расмии динии  Русия дар сатҳи хуб қарор дорад. Намояндагони Шӯрои уламо, аз ҷумла Раиси Шӯро Саидмукаррам Абдуқодирзода дар гузашта барои иштирок дар ҳамоишҳои динии  Русия ба ин кишвар сафар карда, дар доираи он бо чанд гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик низ дидору мулоқотҳо анҷом дода буд. Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар оянда низ бо истифода аз фурсатҳои фароҳам ҳамкориҳои худро тақвият хоҳад дод.

Барчаспҳо:
посух, изҳорот, Шурои уламои ҶТ, Албир Қурғонов, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ