20:02 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ҳисоби пул. Акс з бойгонӣ

Кӯмак ба хонаводаҳои камбизоат бо ҳокимияти Суғду Бадахшону Хатлон баррасӣ шуд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон кӯмак ба хонаводаҳои камбизоат муқокима шуд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустӣ ин ҷаласа дирӯз баргузор шудааст.

Дар кори ҷаласа натиҷаи тадбиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоиӣ  ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ роҳбарият ва намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ, Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм,  Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк", Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, директорони муассисаҳои давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ширкат карданд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот сардорони шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо  иштирок намуданд.

Қайд гардидааст, ки тадбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ  ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат идома дошта, айни замон он дар 40 ноҳияи кишвар амалӣ гашта истодааст.

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, изҳори боварӣ намуданд, ки баъди ин ҷаласа ҳамкориҳо дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии ҳукумати бо вазоратҳои молия, маориф ва илм, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар самти тадбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоиӣ  ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" мустаҳкамтар гардида, фаъолият дар ин самт  боз ҳам беҳтар мегардад.

Мавзуъ

Талоши Индонезия барои кумак ба мусулмонони Мянма
Масъули "Тоҷиксуғурта" ба осебдидаҳо: бима надоред, кумак намегиред
Давлати Ҷопон ба ду ноҳия дар Кӯҳистони Бадахшон кумак расонд
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ