Додситонии кулли ҶТ: Мардоне, ки аз танфурӯшон ком меҷӯянд, муҷозот шаванд

CC0 / Pixabay / Ноги, архивное фото
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки мардоне, ки аз хадамоти танфурӯшон истифода мебаранд, муҷозот шаванд

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Додситонии кулли ҶТ хостори ислоҳи Қонуни тахаллуфоти идорӣ шуда, то барои мардоне, ки аз рӯспиён ё танфурӯшон ком меҷӯянд, муҷозот муқаррар карда шавад.

Ислоҳия ба Қонуни тахаллуфоти идорӣ дар оғози соли 2018 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир танҳо заноне, ки танфурӯшӣ мекунанд, муҷозот мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳангоми сабти мавориди танфурӯшӣ вазъият якҷониба арзёбӣ мешавад. Вале кам касоне ҳастанд, ки мегӯянд, агар тақозо набошад, ъарза низ нахоҳад буд.

Баня Хаммам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: дар Қӯрғонтеппа ҳаммомхонаро ба фоҳишахона табдил доданд

Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир аз афзоиши теъдоди мардоне, ки аз рӯспиён ком меҷӯянд, нигарон мебошад. Бар асоси додаҳои Вазорати умури дохилии ҶТ, дар соли гузашта камобеш 2 ҳазор зани танфурӯш шиносоӣ шудааст.

Ин ниҳод як рӯз дар миён аз дастгириву боздошти созмондиҳандагони рӯспигарӣ гузориш медиҳад. Чунончи, бино бар охирин гузориш, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 43-солаеро, ки бошандаи кӯчаи Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе буда, ба иттиҳоми ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир кардаанд. 

Гуфта мешавад, ки ин зан 15-уми ноябр манзили зисташро, ки дар кӯчаи Моёншо Назаршоев ҷой дорад, ба марди 35-сола ва зани 20-солае аз шаҳри Душанбе ба 150 сомонӣ иҷора додааст.

Нерӯҳои интизомӣ ин қазияро "ташкили фоҳишахона" дониста барои пайгирии он парванда оғоз кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0