Никоҳи дурӯғин: додгоҳи Петербург ҳамсари русро аз шавҳари тоҷикаш ҷудо кард

© © Стас ЭтвешСвадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонӣ ошкор кардааст, ки ин никоҳ барои барпо кардани хонавода баста нашуда ва "зану шавҳар" ҳамроҳ зиндагӣ намекунанд, хонадории муштарак надоранд, фарзанд ва амволи муштарак надоранд ва миёни онҳо нишонае аз равобити заношӯӣ нест

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Додгоҳи шаҳрии Пебербург ақди никоҳи як марди тоҷик ва зани русро бекор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии додситонии шаҳри Санкт-Петербург.

"Додситонӣ ошкор кардааст, ки ин никоҳ барои барпо кардани хонавода баста нашуда ва "зану шавҳар" ҳамроҳ зиндагӣ намекунанд, хонадории муштарак надоранд, фарзанд ва амволи муштарак надоранд ва миёни онҳо нишонае аз равобити заношӯӣ нест", — омадааст дар иттилоъия.

Моҳи июн суди ноҳияи Василеострови шаҳри Петербург ҳам ақди никоҳи ин ду шаҳрвандро бекор карда буд. Аммо "зану шавҳар" аз ин қарори додгоҳ шикоят бурданд.

Пештар ин гуна рухдод дар шаҳри Воронеж низ рух дода буд. Додситонии ин шаҳр ба яке аз додгоҳҳои ноҳиявӣ муроҷиат карда буд, ки никоҳи як шаҳрванди Тоҷикистон ва Русияро бекор кунанд. Додситонӣ муаян кард, ки ин ду шаҳрванд барои ба даст овардани иҷозатномаи иқоматӣ барои марди тоҷик никоҳи расмӣ баста буданд.

Лентаи хабарҳо
0