05:22 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Суроби марди силоҳбадаст, акс аз бойгонӣ

Қиссаи як модари сарсахт: писарам бо ду ҳамсараш ба Сурия рафт

© Sputnik / Андрей Стенин
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
305 0 0

Модаре аз Қирғизистон нақл мекунад, ки чӣ гуна фарзандаш ба гурӯҳи тундрав пайвастааст. Вай мегӯяд чанд соли пеш рафтору кирдори писараш тамоман дигар шуду ҳамсари дуввум гирифт ва баъди чанде аз кишвар фирор кард

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Аравон дар вилояти Ӯш модари 53-солаи қирғизе бо номи Фарида зиндагӣ мекунад.

Вай се фарзанд дорад, ки яке аз онҳо чаҳор сол боз бе ному нишон гум шудааст. Ин мард ба Сурия рафтаву ду ҳамсар ва панҷ фарзандашро ҳам ҳамроҳаш бурдааст.

Рӯ ба дин оварду корро раҳо кард

Бахтиёр ҷавони коргар ва зудбовар буд. Вай танҳо 9 синфро ба поён бурду маҷбур шуд, ки барои хӯронидани хонаводаашон кор кунад. Чанд муддат Бахтиёр  дар Қазоқистон дуредгариро омӯхтаву ба Қирғизистон бар гашта буд.

Вай ин ҳунарро ба ду бародари хурдиаш ҳам меомӯзонад. Аз паси  ҳунар зиндагии хонавода ҳам хуб буд. Чанд сол пеш, писарам ба масоили динӣ таваҷҷуҳи бештар кардан гирифт. Вай дӯстони нав пайдо кард, онҳоро ба хона даъват мекард ва зиёфат медод ва ҳамроҳ бо онҳо дину мазҳабро таблиғ мекард. То рафт дар мавзуъи дин бештар суҳбат мекард. Бештар аз биҳишту дӯзах ёд мекард ва ба додараш намоз хонданро ёд дод.

Пештар намозашро панҷ вақт дар хона мехонд. Аммо акнун ба масҷидҳои ноҳия ва ё шаҳри Қаросу мерафт. Боре ҳатто 40 рӯз дар Бишкек монд ва бо риши дароз бар гашт. Ман аз ин кораш норозӣ будам, аммо вай ҳатто маро гӯш кардан ҳам намехост. Ба ҳар ҳол камтар ришашро кӯтоҳ кард. Бештар аз ман мепурсид, ки "модарҷон, агар ман бимирам, гиря мекунед?" Ин гуфтаҳояш маро ҳаросон мекардид, "ту ҳоло бояд ин гапҳоро нагӯӣ мо волидонат ҳоло зинда ҳастем, ту барои чӣ ин хел мегӯӣ?" мегуфтам ман.

Боре вай ба ман нақл кард, ки яке аз шиносҳоя ба Сурия рафтааст. Ман пурсидам, ки барои чӣ рафтааст? Вай гуфт, "шояд дар Сурия мусалмонҳоро мекушанд. Вай барои онҳоро муҳофизат кардан, рафтааст. Ба он ҷо рафтан савоби калон аст, зеро ҷиҳод ба шумор меравад ". Пас аз чанде вай тамоман дигар ба кор намерафт.

Зани дувум ва "ҷиҳод" ба Сурия

Вақтҳои охир ӯ танҳо аз ҷаннату ҷиҳоду шаҳодат мегуфт. Бахтиёр 31-сола буд ва як писару ду духтар дошт. Аммо бо зани дигареро ҳам, ки фарзанд дошт, ақд карда буд. Вай ҳар ду ҳамсарашро ҳам сатрпӯш кард, онҳо намоз мехонданд ва аз хона ба ҷойе намебаромаданд. Дар соли 2013 гуфт, ки намози идро дар Қаросу мехонад. Як рӯз пеш ман ба хонаи онҳо рафтам ва дидам ки дар хона касе нест — на ҳамсараш ва на фарзандонаш. Маълум буд, ки онҳо аз хона саросемавор баромада рафтаанд. Зеро дасторхон рӯйи фарш кушода меистод. Бахтиёр вақтҳои охир доим мегуфт, ки бояд ба мусалмонони Сурия кӯмак кард ва ман ҳам фикр кардам ки вай ба он ҷо рафтааст.

Бовар намекунам

Боре занг заду гуфт "Модар, ғусса нахӯр, мо саломат ҳастем" ва гӯширо гузошт. Дигар занг ҳам назад. Ду — се рӯз пештар Бахтиёрро дар хобам дидам, ки дар миёни хешовандони даргузаштаамон мегашт.  Аз ҳамон замон аст, ки фикр мекунам, наход писари ман ҳам ҳалок шуда бошад, зану фарзандаш чӣ шуда бошанд?

Рӯзе ба хешовандонамон дар бозор гуфтаанд, ки аз телевизор шунидаанд, ки Бахтиёрро дар Сурия куштаанд. Дили ман ҳам ҳис мекунад, ки бо онҳо чизе шудааст, вале бовариам намеояд. Аз мақомот ба мо гуфтанд, ки дар бораи марги писари ман маълумоте нест. Умед мекунам, ки Бахтиёр рӯзе ва бо фарзанду ҳамсараш бар мегардад. Ман омодаам, ки ӯро бибахшам ва мехоҳам, ки ба ҳаёти пешинааш бар гардад.

Нохалафон аз содалавҳии Бахтиёр истифода бурда, ӯро ба роҳи каҷ бурданд. Вақте ки ӯ бисёр мутаассиб шуд, ман ба вай чанд бор насиҳат мекардам, аммо писарам ба ман гӯш накард. Ҳоло фақат умедвор ва интизор мемонам.

Барчаспҳо:
мутаассиб, қисса, террорист, модар, Осиё

Мавзӯъҳои асосӣ