12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Бобои барфӣ. Акс аз бойгонӣ

Барномаҳои солинавӣ барои пиронсолону маъюбон дар Суғд

© Sputnik / Ульяна Соловьева
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
48 0 0

Бо ибтикори ҳукумати Суғд ва дастгирии сарпарастон рӯзҳои 27 ва 28 декабр ба муносибати Соли нав дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона доир мегардад

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар ин чорабиниҳо беш аз 1900 нафар бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Баргузории чорабиниҳои идона дар Муассисаи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хона кӯдакони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара, Хонаи бачагони шаҳри Исфара, Хонаи кӯдакони байниноҳиявии шаҳри Истаравшан гузаронида хоҳанд шуд.

Ҳамчунин намоиши барномаи солинавӣ дар Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати шаҳри Истаравшан, Муассисаи таълимии парваришгоҳи шаҳри Конибодом, Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент, Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, Интернати наздимактабӣ барои кӯдакони ятиму бепарстор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Спитамен, Интернати наздимактабии ноҳияи Ашт, Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Интернати наздимактабии ба номи Дадоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон, Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар назар аст.

Дар ҳамаи чорабиниҳо ҳукумати Суғд ва шаҳру ноҳияҳо иштирок менамоянд ва аз ҷониби сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегардад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯ ба рӯйи маркази савдои "Авасто" арчаи солинавӣ қомат афрохт, ки 18 метр баландӣ дорад.

Мавзуҳо:
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
Соли нави 2018, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ