23:01 17 январи 2018
Пахши мустақим
Муҳоҷирони меҳнатӣ. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷират ба Суғд: наздики 4000 нафар ҷои кор ёфт

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
25110

Наздики 4000 нафар аз ҳисоби муҳоҷирони бозгашта ва мардуми маҳаллӣ дар Суғд бо ҷои кор ва шуғли доимӣ таъмин шудаанд

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik.  Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади бо ҷои кор таъмин намудани корҷӯён, шахсони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии бозгашта, дар вилояти Суғд давоми соли гузашта  242 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шуд.

"Зимни баргузории ин ярмаркаҳо  аз ҷониби 3 ҳазору 467 корхонаю ташкилоти  35 ҳазору 837 ҷойи кор пешниҳод гардида, тавассути он 3 849 нафар, аз ҷумла, 1 547 нафар корҷӯй бо кори доимӣ таъмин гашта, 1 960 нафар ба касбомўзӣ ва 342 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд", — омадааст дар хабарнома.

Дар маҷмӯъ, давоми соли 2017 дар вилояти Суғд дар доираи иҷрои "Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 12 ҳазору 503 нафар шаҳрванд бо шуғли асосии доимӣ таъмин карда шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки муҳоҷирони корие, ки аз Русия бар гаштаанд дар вилояти Cуғд дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд.

Моҳи сентябр бо ибтикорӣ хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон ва  "Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Хуҷанд, сохторҳои зертобеи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва филиалҳои МД "Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Дар умум ба шаҳрвандони бекор 544 адад ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардидааст. Дар маҷмӯъ ба ярмарка камо беш 150 нафар корҷӯён, ки як қисми муайянашон собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ буданд, омада буднд.

Барчаспҳо:
ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, ҷои кор, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ