07:19 21 январи 2018
Пахши мустақим
Посетители в компьютерном клубе, архивное фото

Нерӯҳои милиса ва додситонӣ дар Душанбе наврасони шабгардро боз доштанд

© Sputnik / Владимир Астапкович
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Ин наврасон дар паи гашти шабонае боздошт шудаанд, ки барои пешгирӣ аз шабгардии наврасону навҷавонон дар интернет-кафеҳо ва марказҳои саргармӣ дар таътилоти зимистона баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кормандони милиса ва додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар интернет-кафеҳо ва марказҳои саргармии шаҳри Душанбе гурӯҳе аз наврасони шабгардро боз доштаанд.

Ба иттилоъи равобити умумии Вазорати умури дохилии ҶТ, ин наврасон дар паи гашти шабонае боздошт шудаанд, ки барои пешгирӣ аз шабгардии наврасону навҷавонон дар интернет-кафеҳо ва марказҳои саргармӣ дар таътилоти зимистона баргузор шудааст.

"Нерӯҳои посдори қонун шаби 10 январ гурӯҳе аз навҷавонон ва се наврасро боз дошта ва ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурдаанд", — гуфта мешавад дар ин иттилоъия.

Кормандони милиса бо дастгиршудагон корҳои тавзеҳотӣ гузаронида, волидонеро, ки муқаррароти Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзандро риоя накардаанд, ҷарима бастаанд.

Барчаспҳо:
шабгардӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ