Дуои мӯйсафеди масчоӣ дар ҳаққи раисҷумҳур

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон сегодня посетил джамоат Алмоси Гиссарского района
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон сегодня посетил джамоат Алмоси Гиссарского района - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нурмуҳаммад Шоев - пирамарде аз ҷамоати Лангар дар ноҳияи Масчо, дар ҳаққи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуо кардааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади шарҳи паёми Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳи корӣ ба роҳбарии Ҷӯрахон Кабирзода, муовини якуми сардори Академияи ВКД, майор Бахтиёр Самиҳов, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майор Саъдӣ Маҳмадов, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академия, ва Сангин Гулов, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ, номзади илмҳои филологӣ ба ноҳияи Масчо рафтанд.

Ин чорабинӣ аз рӯзи 8-ум то 13-уми январи соли равон давом кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Корномаи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2017

Дар ноҳия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳайъати гурӯҳи корӣ шомил гардида, дар ҳамбастагӣ бо мардуми ин ҷо вохӯриҳо гузаронидаанд.

Ҳайъати гурӯҳ бо сокинони деҳаҳои Мадрушкат, Лангар, Падаск, Хайробод, Табушн, Сабағ, Валиғон, Истошон, Деҳманора ва Пакшифи ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Масчо, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3, ки дар деҳаи Мадрушкат дидор ва мулоқот кардаанд.

Нурмуҳаммад Шоев ном пирамарде аз ҷамоати Лангар аз ҳайъати гурӯҳ барои вохӯрӣ ва суҳбатҳои самимияшон миннатдорӣ намуда ва гуфтааст "мо мардуми кӯҳистон фахр мекунем, ки чунин Пешво дорем ва дуо мекунем, ки баракат ёбанд".

Дар давоми дуояш ин мӯйсафед гуфтааст, ки  "агар мо хизматҳои Пешвои миллатро нодида гирем кӯр мешавем".

Ҳамзамон духтари ҳунарманде бо номи Зарифова Гулистон, ки сокини ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад ба сухан баромада миннатдории худро барои таъсиси коргоҳи дузандагӣ ба Эмомалӣ Раҳмон расондааст.

"Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ беш аз 30 духтар бо кор фаро гирифта шудаанд ва дар соли равон, ки соли "Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидааст, онҳо кӯшиш менамоянд, ки ҳунарҳои мардумии Кӯҳистони Масчоро эҳё намоянд.

Лентаи хабарҳо
0