01:46 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Футбол. Акс аз бойгонӣ

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими Молдив бозии дӯстона мекунад

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Молдив ҷиҳати баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳар ду кишвар дар охири моҳи марти соли 2015 ба мувофиқа расиданд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи МолдивуТоҷикистон рӯзи 26-уми март баргузор хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии ФФТ. Ин бозӣ қарор аст, дар Молдив барпо гардад.

Тибқи иттилоъ, қаблан дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Молдив дар бозиҳои расмӣ бо ҳам ду бор рӯбарӯ шудаанд. Бори аввал ҳар ду дар Бозиҳои Осиёии соли 1998 дар Тайланд рақобат кардаанд.

"Дар ин бозӣ, ки 1-уми декабри соли 1998 дар шаҳри Супхамбурии Тайланд доир шуд, футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузурги 3-0 пирӯз гардиданд. Голҳоро Тоҳир Мӯъминов, Зокир Бердиқулов ва Дмитрий Салтсман заданд",- омадааст дар хабари ФФТ.

Бозии дуввуми тимҳои милии Тоҷикистону Молдив дар сабқати интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё — 2012, ки 25-уми марти соли 2011 дар Малӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.

Дар ҳамин ҳол, дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) мунтахаби Молдив дар зинаи 131-ум ва мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 136-уми ҷадвал қарор доранд.

Мавзуъ

Намояндаи ФФТ комиссари сабқати “Лигаи қаҳрамонҳо” таъин шуд
Барчаспҳо:
бозии дӯстона, футбол, ФФТ, Тайланд, Молдив, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ