10:38 19 январи 2018
Пахши мустақим
Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ миёни тимҳои Истиқлол ва Регар-ТадАз

Ҷоми ФФТ: “Истиқлол” тими “Регар-ТадАз”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод

© Официальный сайт ФК "Истиклол"
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Мукофоти пулии ҷоми имсола 45 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз ҷоми сабқат соҳиби 20 ҳазор сомонӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. "Истиқлол"-и Душанбе дар нахустин даври марҳилаи ниҳоии сабқат бар "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, менависад сойти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми  ФФТ рӯзи 4-уми март, дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, оғоз ёфт. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 4-уми бозӣ ва Аҳтам Назаров дар дақиқаи 65-ум ба самар расонданд.

Дар сабқати ниҳоӣ ҳашт даста ширкат меварзад. Инҳо ду дастаи беҳтарини минтақаи Хатлон —  «Равшан»-и Кӯлоб ва «Данғара»-и Данғара, ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд — «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Қайроққум»-и Қайроққум, чаҳор дастаи минтақаи Душанбе — "Истиқлол"-и Душанбе, ССКА "Помир"-и Душанбе), "Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хайр»-и Ваҳдат мебошанд.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» — CСКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Данғара» (Данғара), гурӯҳи «Б» — «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Кайроққум), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ, ки 15-уми март маълум мешавад, бо Ҷом, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастае, ки ҷойи севвумро мегирад, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Мавзуъ

Ҷоми ФФТ: чаҳоргонаи аввал маълум шуданд
“Истиқлол” дар сабқати Ҷоми ФФТ “Кӯктош”-ро торумор кард
Барчаспҳо:
ҷоизаи пулӣ, дар Душанбе, бозии ниҳоӣ, футбол, Ҷоми ФФТ, Регар-ТадАз, Истиқлол, "Истиқлол", Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ