06:17 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Йозеф Блаттер. Акс аз бойгонӣ

Блаттер қавл дод, ки “иттиҳомоти уфтода ба ФИФА”-ро ҳалл мекунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Қазия дар атрофи ФИФА баъд аз боздошти гурӯҳе аз мақомоти ин созмон дар рӯзи чаҳоршанбе дар Тсюрих, ки ба фасодкорӣ, қаллобӣ, пулшӯӣ ва пулситонӣ муттаҳам мешаванд, сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Мо иҷоза намедиҳем, ки эътибори футбол ва ФИФА бо замин яксон шавад, изҳор дошт раиси ФИФА Йозеф Блаттер дар маросими ифтитоҳи анҷумани ФИФА рӯзи ҷумъа, хабар медиҳад РИА Новости.

Рӯзи чаҳоршанбе дар Тсюрих гурӯҳе аз мақомоти баландпояи созмон ба иттиҳоми фасодкорӣ, қаллобӣ, пулшӯӣ ва пулситонӣ боздошт шуданд.

"Дар гузашта низ мо бо давраҳои душвор рӯбарӯ будем, вале ҳоло мо замони беҳамтоеро паси сар мекунем. Мо талош мекунем, ки иттиҳомоти уфтода ба созмони моро ҳалл кунем. Мо иҷоза намедиҳем, ки эътибори футбол ва ФИФА бо замин яксон шавад", — гуфт Блаттер.

Вай таъкид кард, ки афроди дар паси ин қазия қарор дошта шахсони ҷудогона ҳастанд на куллияи созмон.

"Ин афроди ҷудогонае ҳастанд, ки фаромӯш кардаанд, ки бозии футбол аз рӯйи навҳаи fair play сурат мегирад. Ин бозии тимӣ ҳаст ва дар он ҳама бояд ба ягона мақсад равона ва якҷо бошанд", — зикр кард вай.

Рӯзи ҷумъа дар анҷуман интихоботи раҳбари ФИФА баргузор хоҳад шуд. Ба ҷуз аз номзадии Блаттер, ки мехоҳад барои бори панҷум раиси созмон шавад, шоҳзодаи Ӯрдун Алӣ бин Ал-Ҳусейн низ номзади ин мақом мебошад.

Дар остонаи баргузории анҷуман рӯзи чаҳоршанбе муъовинони раиси ФИФА Ҷеффи Уэбб ва Эухенио Фигередо, ва ҳамчунин Эдуардо Ли, Хулио Рока, Костас Таккас, Рафаэл Эскивел, Хосе Мария Марин боздошт шуданд.

Онҳо дар фасодкорӣ дар мавриди интихоби кишварҳои мизбони сабқатҳои ҷаҳонӣ, созишҳои ташкилӣ ва мухобиротӣ, қаллобӣ, пулшӯӣ ва пулситонӣ муттаҳам мешаванд.

Мавзуъ

Иттиҳомот: мақомоти ФИФА барои анҷоми сабқати ҷаҳонӣ ришва мегирифтанд
Намояндаи ФИФА: овозаҳо дар мавриди манъи ҚҶ-2018 беасосанд
Раҳбари ФИФА ба Русия барои нажодпарастӣ бо таҳримҳо таҳдид кард
Барчаспҳо:
оғози анҷумани ФИФА, ФИФА, Йозеф Блаттер

Мавзӯъҳои асосӣ