Кумитаи доварон ба тобеъияти Лигаи миллии футбол гузашт

© Официальный сайт ФФТҶаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ
Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Минбаъд интихоби доварони бозиҳои лигаи олӣ, лигаи аввали кишвар ва инчунин мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон ба ӯҳдаи Лигаи миллии футбол гузошта шудааст.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кумитаи доварон, ки тайи 1,5 соли ахир онро Сафар Каримов роҳбарӣ мекард, ба тобеъияти Лигаи миллии футбол гузашт, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, айни замон Алишер Ӯрунов менеҷер Лигаи миллӣ раванди таъйиноти ҳакамони бозиҳои дастаи Лигаи милли Тоҷикистон ва мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон, оид ба Лигаи миллии футболи кившарро бар зимма дорад.

Зимнан, Сафар Каримов аз вазифаи раҳбари Кумитаи доварон, ки то ин замон дар назди ФФТ фаъолият дошт, барканор шуда, сардори пойгоҳи базавӣ дар Норак таъин шудааст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, минбаъд интихоби доварони бозиҳои лигаи олӣ, лигаи аввали кишвар ва инчунин мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонон ба ӯҳдаи Лигаи миллии футбол гузошта шудааст ва раванди интихобро Алишер Ӯрунов роҳбарӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0