ФФТ корманди тими “Хуҷанд”-ро умрбод аз футбол барканор кард

© Официальный сайт ФФТҶамшед Марофиев. Сомонаи расмии ФФТ,
Ҷамшед Марофиев. Сомонаи расмии ФФТ, - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марофиев, ки дар гузашта мудири тими футболи “Хуҷанд” буд ҳанӯз дар соли 2012 бамаротиб муқаррароти ФФТ-ро нақз карда барои панҷ сол аз фаъолият дар арсаи футбол барканор шуда буд.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Кумитаи назоративу интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷамшед Марофиев корманди тими футболи "Хуҷанд"-ро ба иттиҳоми нақзи муқаррарот ба сурати умрбод аз фаъолиятҳо дар арсаи футбол барканор кард, хабар медиҳад сомонаи федератсия.

Зикр шудааст, ки Марофиев дар гузашта низ ба унвони мудири тими футболи "Хуҷанд" дар соли 2012 чанд дафъа муқаррароти ФФТ-ро нақз карда, барои панҷ сол аз фаъолият дар арсаи футбол барканор шуда буд.

Мудири кулли тими “Энергетик” умрбод аз футбол дур карда шуд

"Бо вуҷуди ин Ҷамшед Марофиев бо далоили номаълум дар моҳи январи соли ҷорӣ баро кор дар тими футболи "Хуҷанд" истихдом шуд. Ин амр аз сӯйи асноде таъйид шудааст, ки дар ихтиёри ФФТ қарор доранд ва тибқи онҳо вай то моҳи июнси соли 2015 аз ин тми маош дарёфт кардааст", — омадааст дар хабар.

Чунин нақзи муқаррарот аз сӯйи мудири тими футболи "Хуҷанд" Рустам Марофиев — бародарбузурги Ҷамшед имконпазир шудааст. Ба ҷуз аз ин ба Рустам Марофиев борҳо хабар дода шуда буд, ки Ҷамшед ба умури тим мудохила карда ба бозиҳои ин тим дар лигаи якум алайҳи тими "Панҷшер"-и ноҳияи Румӣ сафар кардааст, вале ин мавридро раҳбарияти тими "Хуҷанд"сарфи назар кардаанд.

Ба ин тартиб аъзои кумитаи назоративу ҷазои ФФТ тасмим гирифт, ки Ҷамшед Мароифиевро аз арсаи футбол ба сурати умрбод ва Рустам Марофиевро аз иҷрои симматҳо дар тими футболи "Хуҷанд" ба мӯҳлати се сол барканор кунанд.

Лентаи хабарҳо
0