22:02 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Мавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ

Чориева дар сабқати осиёӣ дар Чин муштзанӣ мекунад

AP Photo/Ivan Sekretarev
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Барандаи нишони олимпӣ дар муштзании миёни занон тими Тоҷикистонро, ки барои ширкат дар сабқати Осиё, ки дар Чин аз 7 то 13 август баргузор мешавад, тақвият медиҳад.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Соҳиби нишони биринҷии Олимпиадаи соли 2012 Мавзуна Чориева дар ҳайати тими Тоҷикистон дар сабқати Осиё дар муштзанӣ ширкат мекунад, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба муъовини раиси Федератсияи муштзанӣ Аббос Неъматуллоев.

"Ба ҳайъати тим ҳамчунин Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва муррабиҳо — Ҷамшед Султонов ва Мирзо Шамсиев шомил шудаанд", — зикр кард Неъматуллоев.

Ба гуфтаи вай феълан тим тамриноти сангин анҷом дода ба сабқат, ки аз 7 то 13 август дар Чин баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд.

Сабқати Осиё дар муштзанӣ барои муштзанҳои ғайриҳирфаии кишварҳои Осиё мусобиқаи муҳимтарин дониста мешавад. Сабқати нахустини Осиё соли 1963 дар Бангкоки Таиланд баргузор шуда буд.

Мавзуъ

Мавзуна Чориева – номзади ҲХДТ дар Маҷлиси Душанбе
Барчаспҳо:
муштзан, бокс, омодагии Чориева барои ширкат дар сабқати Осиё, Федератсияи муштзанӣ, Мавзуна Чориева, Тайланд, Бангкок, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ