Тоҷикистон барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2018 бо Австрия бозӣ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевВарзишгоҳи марказии Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Варзишгоҳи марказии Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабқати мазкурро ҳакамон аз Баҳрайн доварӣ хоҳанд кард. Қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода буд, ки довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейнин 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Австралия барои бозӣ дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо Тоҷикистон ба Душанбе меояд, хабар додааст ФФТ.

ФФТ корманди тими “Хуҷанд”-ро умрбод аз футбол барканор кард

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол — 2018, миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Австралия 8-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Барои мухлисон дар сабқат бозии бурднок барои дарёфти як адад телефони Samsung S6 ва як соати дастии Samsung Gear S. гузаронида мешавад.

Сабқати мазкурро ҳакамон аз Баҳрайн доварӣ хоҳанд кард. Қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода буд, ки довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейнин 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммад Ҷаъфар Муҳаммад Салмони 35-сола ва Навоф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Абдулазиз Юсуф Абдулло довари эҳтиётӣ мебошад. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Ту Силианг низ Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Тоҷикистон дар марҳилаи сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар гурӯҳи "В" қарор дорад. Дар ин даста Урдун, Қирғизистон ва Австалия соҳиби се имтиёзӣ, Тоҷикистон ва Бангладеш соҳиби як имтиёзӣ мебошанд. Дар ин гурӯҳ Урдун ва Австарлия як бозӣ ва боқӣ се дастаи дигар ду бозӣ анҷом додаанд.

Дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол — 2018 мунтахаби Тоҷикистон аз Урдун ва Бангладеш шикаст хурда буд. Дар пайи ин шикаст Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон аз вазифаа истеъфо дод. Ба ҷои Мубин Эргашев, сармураббии тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ҳамчун иҷрокунандаи вазифа таин гардид.

Лентаи хабарҳо
0