22:28 16 августи 2017
Пахши мустақим
Футзал

Футзал: эъломи барандагони ҷоми Александр Кирсанов

© Flickr/ Corporación de Deportes
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Дар пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, футболбози маъруф ба анҷом расид.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, собиқ футболбози дастаҳои "Помир" (Душанбе), "Вахш" (Қӯрғонтеппа) ва "Ирригатор" (Душанбе) ба анҷом расид, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи кишвар.

Ин мусобиқа дар маҷмааи варзишии Агентии  «Тоҷикгосстандарт» бо ширкати 32 даста тӯли се ҳафта идома карда, рӯзи гузашта анҷом ёфт.

Мусобиқа байни дастаҳои ҳирфаӣ, алоқамандон ва собиқадорон сурат гирифт. Дар гурӯҳи ҳирфаӣ дастаи «Газпром», дар байни алоқамандон тими Федератсияи футболи Тоҷикистон ва миёни собиқадорон дастаи дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб шуданд.

Дар сабқати бозигарони ҳирфаӣ "Газпром" дар бозии ниҳоӣ бо "Бонки миллӣ" рақобат кард. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаизарбаҳои 11-метра «Газпром» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоӣ тими «Рӯдакӣ»-ро бо ҳисоби 7:4 шикаст дод, миёни алоқамандон ғолиб омад.

Дар сабқати собиқадорон тими дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ (ДМ ВКД) дар бозии ниҳоӣ бо Академияи «Истиқлол»-и Душанбе қувваозмоӣ кард. Замони асосии ин бозӣ бидуни гол ба охир расид. Дар задани силсилаизарбаҳои 11-метра кори бозигарони ВКД омад кард ва бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.

Ғолибон ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, инчунин, беҳтарин бозигарони мусобиқа бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Мавзуъ

AFC Хуҷандро макони баргузории сабқати футзал-2016 интихоб кард
Барчаспҳо:
анҷоми футзал, сабқати ҷумҳуриявӣ, футзал, ВКД, тими "Рӯдакӣ", дастаи "Газпром", Ҷоми Александр Кирсанов, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ