Бохти “Истиқлол” дар Ҷоми AFC-2015 аз тими “Триполи”

© Sputnik / Амир ИсаевБозии дастаҳои "Истиқлол" - "Регар-ТадАЗ". Акс аз бойгонӣ
Бозии дастаҳои Истиқлол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахири моҳи феврал дастаи “Истиқлол” бозии даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусовӣ (0:0) анҷом дод.

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар Ҷоми AFC аз "Триполи" дар Лубнон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

КФО-2016: нахустин бозии имсола ва мусовии “Истиқлол”

Ин бозӣ рӯзи гузашта дар дар варзишгоҳи "Триполи"-и  шаҳри Триполи бо ҳузури беш аз 4000 ҳазор мухлис баргузор шуд.

Легионери украинии "Истиқлол" Александр Каблаш дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 55-ум ҳисобро боз кард, аммо пас аз се дақиқа Абдул Азиз, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи "Триполи"-ро Валид Фаттоҳ дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонд.

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи "В", дастаи «Ал-Файсалӣ»-и Урдун бар тими меҳмон — «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ —  бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Ҳамин тавр,  "Ал-Файсалӣ" бо 4 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи "В" мақоми аввалро касб кардааст. "Нафит Ал-Васат" ва "Триполи" бо 3- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои дувуму севум қарор доранд. "Истиқлол" бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Дастаи "Истиқлол" бозии даври севвумро рӯзи 15 март дар меҳмонӣ бо "Нафит Ал-Васат"-и Ироқ анҷом медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, даҳаи дуввуми моҳи феврали соли равон, тими "Истиқлол" бозии даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро бо тими "Ал-Файсалӣ"-и Урдун дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусовӣ (0:0) анҷом дода буд.

Лентаи хабарҳо
0