Бохти Тоҷикистон аз Қирғизистон. Дар Душанбе

© Sputnik / Табылды КадырбековЛаҳзае аз бозии Қирғизистону Тоҷикистон дар Бишкек
Лаҳзае аз бозии Қирғизистону Тоҷикистон дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ҳамин дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз ҳаққи иштирок дар мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 маҳрум шуда, барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 рақобат мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳии марҳилаи интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол-2018 (ҚҶ-2018) мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ аз дастаи миллии футболи Қирғизистон бо ҳисоби 0: 1 шикаст хӯрд.

Тамрини тими миллии Тоҷикистон қабл аз бозӣ бо дастаи Урдун - Sputnik Тоҷикистон
Дар интизории бозии "бузург"-и футбол: Тоҷикистон- Қирғизистон

Ба иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон, меҳмонон дар дақиқаи 18-уми бозӣ тӯбро ба самар расонида, кӯшишҳои футболбозони тоҷик барои тағйири натиҷаи бозӣ бенатиҷа анҷом ёфт.

Ҳамзамон, дар вохӯрии дигари гурӯҳи "В" дастаи Австралия дар майдони худ аз болои тими Урдун бо ҳисоби 5: 1 дастболо шуда, бо 21 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт. Мақоми дуюмро дар ин гурӯҳ — Урдун бо 16 имтиёз, ҷои сеюмро — Қирғизистон бо 14 имтиёз, ҷойи чорумро — Тоҷикистон бо 5 имтиёз ва зинаи охирро — Бангладеш бо 1 хол ишғол карданд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз ҳаққи иштирок дар мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 маҳрум шуда, барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 рақобат мекунад.

Бозиҳои футболбозони тоҷик дар ин давр (Ҷоми Осиё) рӯзҳои 2 ва 7 июн баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0