07:58 24 январи 2017
Пахши мустақим
Футболи хурд. Акс аз бойгонӣ

Ифтитоҳи мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони пулиси Тоҷикистон

© Flickr/ Corporación de Deportes
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Дар маросими кушодашавии мусобиқа ҳамчунин намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт маросими расмии кушодашавии мусобиқаи даставӣ оид ба "Футболи хурд" миёни сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ мусобиқаи мазкур бо ташаббуси роҳбарияти вазорат ва дастаи футболи "Истиқлол" ба муносибати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, то 31-уми майи соли равон идома меёбад.

"Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари доштани донишу малакаи хуби касбӣ,   бояд рӯҳан ва ҷисман обутобёфта ва неруманд бошанд",- иброз дошт дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини вазири умури дохилӣ генерал Абдулло Навҷувонов.

Дар бозии нахустин дастаҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳам рақобат намуда, бо ҳисоби 6:2 дастаи РМЗҶМ ғолиб омад. Бозии дастаҳои Сарраёсати иттилоотӣ-таҳлилӣ ва Воҳиди махсус бо ҳисоби 8:0 ба фоидаи дастаи Воҳиди махсус анҷом ёфт. Дар бозии дигар Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси ВКД бо ҳисоби 3:1 дастаи ШВКД дар ноҳияи Ҳисорро мағлуб сохт. Ҳамчунин дастаи «Динамо» бо ҳисоби 8:1 ба дастаи Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ дастболо гардид.

Дар мусобиқа 24 даста аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар чор зергурӯҳ бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Мавзуъ

Сабқати мини-футбол дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Ғалаба
Барчаспҳо:
кормандони ҳифзи ҳуқуқ, футболи хурд, сабқат, ВКД, Абдулло Навҷувонов, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ