Ҷоми Осиё-2019: Тоҷикистон бо Бангладеш вориди рақобат мешавад

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкТӯби футбол. Акс аз бойгонӣ
Тӯби футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин бозии плей-оффи марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Бангладешро ҳайати ҳакамон аз Сурия доварӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Довари ФИФА Ҳанно Хаттоби 27-сола сардовари бозии футболи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Бангладеш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол таъин гардидааст, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи кишвар.

Ба қавли манбаъ, дар ин сабқат ба ӯ доварони ҳамватанаш- Алӣ Аҳмади 35-сола ва Мазен Зазфуни 38-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Ферас Тавили 33-сола ба зимма дорад.

Сарчашма меафзояд, барои Ҳанна Ҳаттаб бозии Тоҷикистону Бангладеш дар фаъолияти байналмилалиаш ба ҳайси сардовар дувумин хоҳад шуд. Пештар ӯ сардовари бозии Ҷоми AFC-2016 байни бошгоҳҳои «Ҷоҳор Дарул Таъзим» (Малайзия) ва «Лао Тойота» (Лаос) — 3:0 буд.

Тӯби футбол - Sputnik Тоҷикистон
ФИФА: рейтинги мунтахаби футболи Тоҷикистон 14 зина поин рафтааст

Дар марҳалаи аввали плей-офф 10 дастае, ки аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. Панҷ дастаи ғолиби марҳалаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта натавонад, он гоҳ боз як шанси ба марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳалаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад.

Лентаи хабарҳо
0