Мавзуна Чориева талошро барои роҳхати олимпӣ идома медиҳад

© AP / Ivan SekretarevМавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ
Мавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вале варзишгари дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи аввали мусобиқа ба нокомӣ дучор шуда, рақобатро бо Сараҳ Шеурихи олмонӣ бохт.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Варзишгарбонуи маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева дар аввалин даври қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Остона бар Вен Линг Чен аз Тайван пирӯз шуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи бокси Тоҷикистон.

"Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012-и Лондон, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон идома дорад, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 60 кило бар рақибаш Вен Линг Чен аз Тайван пирӯз шуд",- меафзояд манбаъ.

Дар ин сабқат, ки шоми дирӯз сурат гирифт, Мавзуна бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад ва ба даври баъдӣ роҳ  ёфт. Рақиби Мавзуна дар даври навбатӣ, ки бегоҳи шанбеи 21 май барпо мегардад, Яна Алексеевна аз Озарбойҷон мебошад.

Мавзуна Чориева бо байрақи Тоҷикистон дар олимпиадаи Лондон - Sputnik Тоҷикистон
Талоши охирини муштзанҳои тоҷик. Барои роҳхати олимпӣ

Бояд гуфт, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки рӯзи 19 май дар маҷмааи варзишии "Барис — Арена"-и пойтахти Қазоқистон (шаҳри Остона) оғоз ёфт, Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Шоира Зулқайнарова, муштзани дигари тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқа ба нокомӣ дучор шуд. Ӯ дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба рақибаш Сараҳ Шеурих аз Олмон бохт.

Ҳамин тавр,  Зулқайнарова аз шонси охирин истифода карда натавонист ва аз роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуд.

Лентаи хабарҳо
0