“Шери тоҷик” бо муштзани гурҷӣ ба ринг мебарояд

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкҶоми ҷаҳон оиди бокс. Акс аз бойгонӣ
Ҷоми ҷаҳон оиди бокс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дӯстдорони бокси тоҷик имкон доранд, шаш муборизаи варзишгаронро тамошо кунанд, ки муҳимтаринаш вохӯрии Шералӣ Мамадалиев ва Джабой Шалуташвили мебошад.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар рӯзи аввали моҳи октябр дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шоми бокси касбӣ баргузор мегардад.

Муборизаи асосии шоми бокс рақобати байни паҳлавони тоҷик Шералӣ Мамадалиев бо лақаби  "Шери тоҷик" бо варзишгари гурҷӣ Джабой Шалуташвили хоҳад буд.

Дар барномаи сабқат муборизаи шаш муштзани дигар низ дар назар аст.  Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик худро дар ринги касбӣ месанҷанд.

Мавзуна Чориева бо духтараш Осия аснои муштзанӣ - Sputnik Тоҷикистон
Медали биринҷии Шоира ва бохти Мавзуна Чориева дар Ҷоми ҷаҳонии бокс

Дар баробари муборизаи Мамадалиев ва Шалуташвили, ҳамчунин вохӯрии Меҳрубон Сангинов ва дигар варзишгарони Григори Кердикошвили дар вазни миёна дар назар аст. Муборизаи Мамадалиев-Шалуташвили аз 8 раунд ва Сангинов-Кердикошвили аз 4 раунд иборат хоҳад буд.

Ҳамчунин дар барномаи шоми бокс баромади Усейн Аджиджемил (Душанбе) — Рустам Азизов (Тоҷикистон), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (Душанбе) — Сунатулло Солеҳов (Душанбе), Шаҳбоз Шарипов (Душанбе) — Ёдгоралӣ Шораҳимов (Қурғонтеппа), Асрор Воҳидов (Исфара) — Вайсиддин Сатторов (Душанбе) ва Светлана Веглина (Душанбе) — Гуларус Шоева (Душанбе) дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии аввалини Шералӣ Мамадалиев ва Джабой Шалуташвили, ки соли 2013-ум баргузор шуда буд, яке аз рақобатҳои беҳтарини ҷаҳони бокс дониста шуд.

Мамадалиев он замон бо зарбаҳои нишонрас ҳарифи худро бо накаунт мағлуб намуд. Худи ҳамон рӯз менеҷерҳои ҳарду муштзан маслиҳат карда буданд, ки онҳо бояд бори дигар вохӯранд.

Лентаи хабарҳо
0