Роҳбари кулли дастаи “Истиқлол” аз вазифааш сабукдӯш карда шуд

Обуна шудан
Муродҷон Умаров, ки дар дастаи футболи пойтахт вазифаи директори варзиширо иҷро мекард, ҳоло бошад ҷойи кори худро дигар намудааст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Роҳбарияти Кумитаи футболи "Истиқлол" қарор қабул кард, ки Муродҷон Умаралиевро аз вазифааш сабукдӯш кунад, хабар медиҳад дар сомонаи расмии худ, "Истиқлол".

Умаров аз соли 2012-ум сар карда ҳамчун директори варзишии "Истиқлол" фаъолият мекард, ҳоло бошад аз сабаби гузаштан ба кори дигар касабаи худро дигар намудааст.

Футбол, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Равшан” бори аввал, пас аз се сол “Истиқлол”-ро мағлуб кард

Роҳбарияти дастаи пойтахт барои фаъолияти Муродҷон Умаров   миннатдорӣ баён намуд. "Истиқлол" ба Умаров муваффақиятҳо таманно кард.

Пештар хабар дода шуд, ки дастаи футболи "Истиқлол"  мураббиёни дастаро  барканор кардааст. Мубин Эргашев якҷоя бо дигар ёварони худ аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Ҳамчунин бо сабабҳои гуногун даста аз се нафар футболбозони худ  маҳрум гардид.

Лентаи хабарҳо
0