07:57 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Мусобиқа оид ба шоҳмот. Акс аз бойгонӣ

Шоҳмотбози тоҷик дар Алмато дар сабқати байналмиллалӣ ширкат меварзад

© Sputnik / Михаил Мокрушин
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Дар Қазоқистон мусобиқаи калон оид ба шоҳмот баргузор мешавад, пас аз давраи панҷуми ин бозӣ варзишгари тоҷик ҷойи дуввумро ишғол мекунад

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik.Дар Алмато сабқати байналмиллалӣ оид ба шоҳмот "Almaty — Open 2016" оғоз гардид, ки 108 бозингаронро аз ҳашт кишвар- Белгия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон ҷамъ овардааст.

Иштирокдорони сакбқат Воҳидов Ҷаҳонгир аз Ӯзбакистон,  Малахатко Вадим аз Белгия, Утеғалиев Азамат аз Қазоқистон ва Безгодов Аликсей аз Русия мебошанд. Фонди умумии мукофот 2 500 000 тангаро ташкил медиҳад. Гирандаи ҷойи аввал ба 450 000 танга мукофотонида мешавад.

Мусобиқа дар 9 давра баргузор мешавад, ки ҳар яки он 90 дақиқаро дарбар мегирад.

 Тоҷикистонро дар сабқат Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев намояндагӣ мекунад.

Аллакай панҷ давраи бозӣ гузаштааст. Дар натиҷаи давраҳои сипаришуда бозингар Аристанбек Уразаев аз Қазоқистон бо гирифтани 5 хол дар мавқеи аввал қарор дорад. Дар ҷойи дуввум Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва Константина Казакова аз Қазоқистон бо гирифтани 4,5 хол қарор доранд. Ҷойи саввумро 13 нафар иштирокдорон гирифтаанд, ки 4 холӣ ба даст овардаанд.

Барчаспҳо:
мусобиқаи шоҳмот, варзишгари тоҷик, Осиё, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ