Тоҷикистон дар ҷадвали ФИФА мавқеи болоторро аз худ мекунад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло мунтахаби Тоҷикистон дар мавқеи 144-ум қарор дорад. Мувофиқи маълумотҳои football-rankings.info моҳи октябр мунтахаби Тоҷикистон то 6 зина боло рафта, дар ҷадвал ҷойи 138-умро аз худ мекунад

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik.Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба бозии футбол моҳи октябр то 6 зина боло шуда, дар ҷадвали мунтахабҳои беҳрани дунё ҷойи 138-умро мегирад.

Санаи 20-уми октябр натиҷаҳои нави мунтахаб дар ҷадвал мувофиқи бозиҳои гуногуни он бо дастаҳо маълум меавад, ҳоло бошад даста дар мавқеи 144-ум қарор дорад.

Мувофиқи маълумотҳои football-rankings.info, моҳи октябр мунтахаби тоҷик ба шаш зина боло меравад ва ҷойи 138-умро мегирад.

"Бояд қайд кард, ки нишондодҳои беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги(ҷанвал) мунтахабҳои миллии ҷаҳон, соли 1993 дар ФИФА қайд гардид. Баҳори соли 2013 даста ҷийи 113-умри гирифтааст. Нишондоди пасттарин соли 2002-ум ба қайд гирифта шуд, ки мунтахаб ҷойи 168-умро байни 207 даста ба даст овард. Дар натиҷаи рейтинги ҳармоҳа,  нишондоди пасттарини мунтахаб, як сол пас, яъне дар соли 2003- ҷойи 180-ум қайд гирифта шуд."

Дар ҳамин ҳол, мунтахаби Русия бори аввал дар таърих дар ҷадвали ФИФИ аз мавқеи 50-ум поён фаромад. Дар ҷадвали пештара мунтахаби Русия дар ФИФА ҷойи 38-умро гирифтааст.  Нишондодҳои пасттарини мунтахаб дар солҳои 1998 — мақоми 40-ум мебошад.

Лентаи хабарҳо
0