06:34 26 марти 2017
Пахши мустақим
Тӯби футбол. Акс аз богйонӣ

Ғолибияти аввалин дар соли 2017: ҷавонони тоҷик мунтахаби Юнонро мағлуб карданд

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Бозии аввалини худро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Юнон бо ҳисоби 1:0 анҷом доданд. Дар пеш мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро рақобат бо тими Булғористон интизор аст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати байналмилаллӣ ғолибияти аввалини худро ба даст оварданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тими ҷавонони тоҷик дар 29-умин мусобиқаи байналмилаллӣ, ки ба хотири президенти аввалини ФИФА Валентин Гранаткин дар Санкт Петербург гузаронида мешавад, дастаи Юнонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

"Голи ягона аз тарафи Эҳсони Панҷшанбе ба нишон расонида шуд",-омадааст дар иттилоия.

Дар даври дуюм мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Булғористон, санаи 10-уми январ рақобат хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи байналмилаллӣ 16 дастаи иборат аз ҷавонони соли таваллудашон 1999 ва худтар иштирок мекунанд.

Валентин Гранаткин-футболбози даврони Шӯравӣ, хоккейбоз ва варзишгар мебошад. Ӯ ягона футболбози ватанӣ буд, ки дарвозаи ИҶШС-ро ҳимоят мекард.

Мавзуъ

Мурабии мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол вафот кард
Майдонҳои нави сунъӣ ҳавасмандии духтаронро ба футбол дучанд мекунад
Диаспораҳои Братск барои муноқиша дар бозии футбол узрхоҳӣ намуданд
Барчаспҳо:
тӯб, футбол, ФФТ, Санкт-Петербург

Мавзӯъҳои асосӣ