09:46 27 марти 2017
Пахши мустақим
Комроншоҳи Устопириён, акс аз бойгонӣ

Мураббӣ: Комроншоҳ кореро кард, ки Расул Боқиев натавониста буд

© Страница Международной федерации дзюдо в Facebook
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
69140

Мураббии варзиш Владимир Елчанинов дар бораи мушкилиҳои варзишгарони тоҷик дар роҳи ғолибият нақл намуд ва сабаби аз варзиши тоҷик даст кашиданашро баён кард

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik.Мутахассиси машҳури рус, мураббии дзюдочии  тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Русул Боқиев Владимир Елчанинов дар бораи натиҷаҳои варзишии соли гузашта ва нақшаҳои оянда худ нақл намуд.

Ба гуфтаи вай чорабинии асоси сол барояш Бозиҳои Олимпӣ буд.

"Мутаасифона Бозиҳои Олимпӣ ба Тоҷикистон ва ба ман ҳамчун мураббӣ ягон муваффақият наовард. Аммо дар бораи сабабҳои нобарории варзишгарони тоҷик дар ин соҳа ман борҳо гуфта ва навишта будам. Имсол дар  дзюдо беҳтарин варзишгар албатта  Комроншоҳи Устопириён буд, ки ба  дастовардҳои ҷаҳонӣ ноил шуд. Ба ғайр аз мақомҳои намоён дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ вай бори аввал барои Тоҷикистон чемпиони Осиё ва Гран-При овард. Дар ин мусобиқаҳо ҳатто Расул Боқиев ба муваффақият нарасида буд. Агар ба Комроншоҳ  ба таври шояду бояд маблағгузорӣ мекарданд,  ӯ бе ягон шубҳа медали олимпӣ ба даст меовард",- мегӯяд Владимир.

Ба гуфтаи мураббӣ, бояд дар бозиҳои Олимпии минбаъда дар Токио низ Комроншоҳи Устопириёнро иштирок кунад.

"Русул Боқиев дар синни 23 солагӣ барои машқ  ба назди ман омада буд, аммо Комроншоҳ акнун 23-сола шудааст. Вай аллакай таҷрибаи байналмиллалӣ ва имиҷи варзишгари ҷаҳониро дорад. Барои ба даст овардани ин муваффақият бояд якчанд сол заҳмат кашид ва маблағи зиёд сарф кард. Агар ҳоло ба вай кӯмак накунанд, пас варзиши калон барояш ба охир мерасад.. Шояд вай ба самбо, муҳорибаи омехта ва ё тиҷорат равад, то оилаашро аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин кунад. Агар ин ҳолат ба амал ояд, пас ин ҷиноят ва хатогии калони мансабдорони варзиш дар назди миллати тоҷик мешавад",- қайд кард Елчанинов.

Ғайр аз ин дар соҳаи дзюдо Ҷаҳонгир Маҷидов дар синни  худ муваффақияти калон ба даст овард. Дар охири сол бошад чемпиони калонсолони Тоҷикистон гардид.

"Агар маблағгузории лозимӣ шавад, боварӣ дорам, ки Устопириён ва бародарон Маҷидовҳо дар Олимпиадаи навабатӣ, метавонанд муваффақ шаванд",- мегӯяд тренер.

Дар бораи нақшаҳои ояндаи худ Елчанинов мегӯяд, ки ҳоло вобаста ба  Бозиҳои Олимпмӣ дар Токио чизе гуфта наметавонад.

"Ҳоло Тоҷикистон дар нақшаи ман нест, зеро ман аз бефарқии мансабдорони тоҷик ба ҳайрат омадаам. Ман муносибати онҳоро бо худам дар назар надорам, аммо беаҳамиятии онҳо ба варзишгарон маро дилгир кард. Агар ба варзишагароне, ки худро нишон надодаанд, онҳо беаҳамиятӣ кунанд, ман чизе намегӯям, аммо варзишгарони сатҳи ҷаҳонии тоҷик вақте маҷбур мешавад, ҳангоми сафар ба мусобиқаҳои байналмиллалӣ,  "талбандагӣ" кунанд, ман ин чизро ба худ тасаввур карда наметавонам",- гуфт вай.

Владимр Елчанинов мегӯяд, ки варзишгарони тоҷик метавонад дар тамами мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ғолиб оянд.

Барчаспҳо:
мансабдорони варзиш, мусобиқа, Расул Боқиев, Комроншоҳи Устопириён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ