Дилшод Назаров: роҳба ба сӯи IAAF Hammer Throw Challenge

© AFP 2023 / FRANCK FIFE Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ
Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷадвали мусобиқаҳои IAAF Hammer Throw Challenge аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллалии варзиши сабук чоп гардид

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik.Давраи нави мусобиқаи варзиши сабук дар чорчӯбаи IAAF Hammer Throw Challenge моҳи май сар мешавад.

Ассотсиатсияи байналмиллалии варзиши сабук ҷадвали мусобиқаи  "IAAF Hammer Throw Challenge"-ро  нашр кард, ки дар он Тоҷикистонро Дилшод Назаров намояндагӣ мекунад.

Мусобиқаи имсола аз 8 давра иборат буда,  санаи 16-уми май дар Пекин кушода мешавад. Давраи дуввум 21-уми май дар Ҷопон баргузор мешавад.

Дильшод Назаров, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми дуюми Дилшод Назаров дар рӯйхати гурзандозони ҷаҳонӣ

Ҳамин тавр, мусобиқа 29-уми августи соли ҷорӣ дар Хорватия ба анҷом мерасад.  Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук — AAF World Championships London 2017 бошад,  аз 4-13-уми  августи соли ҷорӣ дар Лондон баргузор мешавад.

Пештар Дилшод Назаров дар панҷ давраи ин мусобиқ а иштирок намуда, 236, 37 хол ба даст оварда буд, ки дар натиҷа мақоми дуввумро дар гурзпартоӣ ба даст овард.

Барои ба мусобиқаи "IAAF Hammer Throw Challenge" роҳ ёфтан,  варзишгар бояд дар якчанд давра иштирок кунад. Натиҷа баъди гузаштани ҳамаи давраҳои мусобиқа ҳисоб карда мешавад. Ҳамин тавр, ғолиби ҷойи якум- 30 ҳазор доллар, ҷойи дуввум- 20 ҳазор доллар, севвум- 15 ҳазор доллар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0