Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико боз медали тилло ба даст овард

© Фото : Аз саҳифаи фейсбуки Хушбахт ҚурбонмамадовҒолибияти Хушбахт Қурбонмамадов дар Бостон
Ғолибияти Хушбахт Қурбонмамадов дар Бостон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгари тоҷики муқими ИМА Хушбахт Қурбонмамадов дар сабқати байналмиллалии Jimmy Pedro's Judo Challenge медал ба даст овард

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik.Дар Бостон сабқати машҳури Jimmy Pedro's Judo Challenge баргузор шуд, ки дар он Хушбахт Қурбонмамадов низ иштирок намуд.

Дар мусобиқа зиёда аз 300 нафар варзишгарон аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд. Варзишгарон дар 7 категорияи вазнӣ байни занон ва мардон мусобиқа карданд.

Хушбахт Қурбонмамадов дар байни онҳо медали тилло ба даст овард. Бояд қайд намуд, ки вай дар шаш давра иштирок намуда, дар ҳар  яки онҳо ғолиб гашт ва дар чемпионати ҷудо мақоми аввалро ба даст овард.

Ғолибияти Хушбахт Қурбонмамадов дар Бостон - Sputnik Тоҷикистон
Ғолибияти навбатии Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико

Ёдовар мешавем, ки ин ғолибияти нахустини Хушбахт набуда, қаблан ӯ дар сабқатҳои бонуфуз соҳиби шаш медал гардида буд.

Бино ба иттилои расонаҳо ӯ нахуст дар мусобиқаи "The Big Apple Judo Classic-2016" дар Ню-Йорк дар вазни то 66 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин Хушбахт дар ин мусобиқа дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Баъдан Қурбонмамадов дар мусобиқаи дигар "51-st Annual Dallas invitational Judo", ки дар Техаси ИМА барпо гардид, барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт. Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "18-th Annual Northeastern Judo Championships", ки дар иёлоти Ню Ҷерсии ИМА доир шуд, боз соҳиби се медал гардид. Ӯ дар вазни то 66 кг барандаи медали тилло шуд, дар вазнҳои то 73 кг ва то 100 кг медалҳои биринҷӣ гирифт.

Лентаи хабарҳо
0