19:27 20 октябри 2017
Пахши мустақим
Расул Боқиев, дар тамринҳо бо шогирдон

Расул Боқиев: Нарасидани маблағ ба варзишкорони тоҷик баҳонае беш нест

© Sputnik Расул Бокиев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
22941

Расул Боқиев- варзишкори тоҷик, ки ҳоло дар Русия кор ва зиндагӣ мекунад, мегӯяд Тоҷикистон ватани куштигирист ва бояд новобаста аз норасоии маблағ ва ҷой доштани камбудиҳо ба варзиш аҳамияти бештаре дод

Ҳоло бо чӣ корҳо машғулед?

Бо шогирдон машқ карда истодаем. Ба наздикӣ толори варзишии мактаби Расул Боқиев иваз гардид, ҳамакнун фаъолиятамонро мисли пештара давом дода истодаем. Се шогирди пешқадам дорем. Варзишгари машуҳри Русия Александр Михайлинро низ бо ман тамрин мекунад. Ба нақша гирифта шудааст, ки  31-уми март варзишкорони мактаб дар мусобиқаи куштӣ дар шаҳри Тибилисӣ иштирок кунанд.

Зуд зуд ба Тоҷикистон меравед?

Не, мутаасифона кам. Пештар ҳамчун меҳмон дар мусобиқаҳо иштирок намуда будам, аммо ҳоло фурсат надорам.

Варзиши тахассусиро кай тарк кардед?

Варзиши касбиро  ман соли 2012 баъд аз Бозиҳои олимпӣ тарк карда будам. Баъд аз бозиҳо, вақте ки ба роҳбарони варзиш ҳамсӯҳбат шудам, маслиҳат карда ба хулоса омадам, ки давом додани варзиши профиссионалӣ маъно надорад ва бояд ба кори мураббигӣ шурӯъ кунам.

Мехоҳед ба варзиши профиссионалӣ бар гашта дар Бозиҳои олимпии минбаъда иштирок кунед?

Пеш аз тарк кардани саҳнаи варзиши касбӣ, мақсад доштам, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2016 ва 2020 ширкат варзам. Аммо, акнун мушкил мешавад. Гап дар он нест, ман тайёр нестам, балки гап дар он аст, ки ман самти фаъолитяти худро дигар кардаам ва масъулияти дигаре ба дӯш дорам.

 Аз сабабе, ки бисёр варзишгарони калонсолону хурдсол мӯҳтоҷи назорати ман ҳастанд. Тарбияи варзишгар низ марҳилаҳои зиёдро дорад ва вақту аҳамияти калонро талаб мекунад.

Расул Бокиев (слева) на Олимпийских играх 2008 года. Архивное фото
© AFP/ CHRISTOPHE SIMON
Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпии соли 2008

Чӣ гуна метавон варзишкори ҳақиқиро тарбия кард?

Ба як меҳнат варзишгари комил  шудан мушкил аст. Дастгирии молиявӣ ҳам лозим аст. Лекин пеш аз ҳама бояд аҳамият дод ва дуруст тамрин кард. Натиҷаро мусобиқаҳо нишон медиҳанд. Мешавад, ҳолатҳое, ки мураббӣ тарбияи дуруст медиҳад, аммо шогирд қисме аз қонунҳоро вайрон мекунад ва муваффақ намешавад. Мешаванд ҳолатҳое, ки шогирд пурра гуфтаҳои мураббиро иҷро мекунад, аммо мураббӣ тарбияи нодурст медиҳад. Бояд бади нокомиҳо ин сабабҳлоро дарёфт кард ва аз пайи ислоҳи он шуд.

Ба мактаби худатон чӣ гуна шогирд қабул мекунед?

Толори мо дар маҷмааи варзишӣ ҷой гирифттаст. Ҳар хоҳишманде, ки меояд обуна мешавад ва ба машқҳо омадан мегирад.

Дар ин ҷо аз шогирдони 3-сола то 40-45 сола бо дар гурӯҳҳо тамрин мекунанд.

Фаъолиятатаонро дар Тоҷикистон давом доданӣ нестед?

Ҳоло не. Аллакай ин ҷо шогирдоне пайдо кардаам, ки ба тарбияи ман ниёз доранд.

Пеш аз ба Русия омаданд, вақте ки бо роҳбарони варзиши Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудам, аввалин пешниҳоди ман баромадҳои худро давом донад буд, аммо дастгирӣ накарданд. Сипас, пешниҳод кардам, ки мактаби варзиши ифтитоҳ кунам ва соҳаи дзюдоро дар Тоҷикистон пеш барам, аммо аз ин ҷиҳат низ дастгирӣ наёфтам. Сипас кӯшиш кардам, ки худам мустақилона толореро ба иҷора гирифта, ба тамрини варзишкорон машғул шавам, аммо ба баъзе сабабҳо натавонистем толорҳоро ба иҷора гирем. Баъд аз он ба Русия омомдам ва фаъолияти худро дар ҳамин ҷо давом додам.

Ифтитоҳи мактаби варзишӣ дар Русия мушкил набуд?         

Не, дар мактаби "Самбо-70" тамрин мекардам. Аз ҷониби ноиби президенти федератсияи дзюдои  Русия пешниҳод гардид, ки дар Деҳаи олимпӣ мактаби дзюдо ифтитоҳ кунем. Роҳбарони варзиш ба хотири дорандаи ҷоизаи олимпӣ буданам "маҷбур" карданд, ки номи мактабро Расул Боқиев гузорем.  Ҳоло дар толори нав ва васеътар мактаб фаъолияташро давом дода истодааст ва метавонем дар байни шогидрдонамон мусобиқаҳо низ баргузор кунем.

Спортивные награды Расула Бокиева
© Sputnik
Ҷоизаҳои паҳлавони тоҷик

 

Вазъияти дзюдоро дар Тоҷикистон чӣ гуна баҳодиҳӣ мекунед?

Ростӣ аз рафт ва ҳодисаҳои варзишӣ дар Тоҷикистон хабар надорам. Зеро, хело серкор ҳам ҳастам.

Аммо, мехоҳам як нуқтаро қайд кунам, ки агар дастгирии молӣ ҳам нарасад, бояд соҳаи варзиш дурурст ташкил кард. Роҳбари пешинаи кумитаи варзиш Маликшо Неъматов моро бо сухани хуб ба варзиш дилгарм мекард. Инсоне буд, ки моро новобаста аз мушкилиҳо дастгирӣ  мекард ва сарҷамъ нигоҳ медошт.

Ба варзиши касбӣ бар мегардед?

Ҳоло, ки вазифаи мураббигиро дорам, ба насли наврас ва оянда додани донишу малакаи хешро як қарзӣ инсонии худ медонам. Дар оянда шояд соҳаи варзишро тарк кунам. Агар фаҳмидам, ки шогирдон малакаи манро пурра аз худ кардаанд, ман тарки мураббигӣ  мекунам. Аммо кай, намедонам. Шояд 1 сол давом кунад, 2 сол ё 10 соли дигар.  Ман гуфта наметавонам, ки кай ин намуди фаъолиятамро тарк мекунам, лекин аниқ медонам, ки ин саҳанаро ҳам тарк карда, ҷоеро пурра хоҳам кард, ки ба он варзиш мӯҳтоҷ аст.

Шояд сармоягузоронро ба соҳаи варзиш ҷалб кунам ва ташкилоте барои худ ифтитоҳ диҳам. Медонед, варзишкори ҳақиқро аввал дарёфт кардан мушкил аст, агар ки варзишкори болаёқатро ёфтӣ, пас вайро новобаста аз маҳал, забон ё дин бодя дастгирӣ кард. Зеро, варзишгар наметавонад тамоми умр тамрин кунаду ба саҳна барояд.

Дери дер қувваи як варзишкор ба 3-4 Бозиҳои олимпӣ мерасад. Бояд дар ана ҳамин марҳила варзишкорро хуб тайёр намуд ва натиҷа ба даст овард. Агар дар Тоҷикистон ҳам чунин варзишкорон ёфт шаванд ба дастгирии ҳамҷониба ниёз доранд, зеро онҳо зери парчвами Тоҷикистон дар арсаҳои байналмиллаӣ мусобиқа хоҳанд кард.

Рост аст, ки ба варзишкорони тоҷик маблағ намерасад?

Онҳо ҳама даъво мекунад, ки дар Тоҷикистон молия намерасад. Бояд дар ин масъаларо роҳбарони варзиш дида бароянд. Агар дар мусобиқаҳо муваффақ нашуд, бояд сабабро дарёфт кард, на маблағро баҳона кард. Ман фикр мекнуам, баъзан нарасидани маблағ барои варзишкорон баҳонае беш нест. Аз ҳама асосаш бояд дар назди худ мақсад гузошт. Дар ҳама ҷо камбудӣ аст, аммо бояд ба кори худ содиқ ва дилбаста буд. Бояд варзишгарони ҳақиқро дарёфт кард. Тоҷикистон ватани куштӣ аст дар он ҷо ба ин намуди варзиш, назар ба намудҳо, аҳмияти бештар медиҳанд.

Дар бораи муҳорибаҳои омехта чӣ гуфта метавонед?

Муҳорибаҳои омехта — ба фикри ман як намуди варзише ба ҳисоб меравад, ки инсони оқил ва бохирад бо он машғул намешавад. Иштироки кӯдакон бошад дар муҳорибаҳои омеха аз девонагие беш нест. Истифодаи кӯдакон дар ин муҳорибаҳо тамоман хатост.

Оё мехоҳед фарзандонатон аз пайи Шумо раванд?

Ман панҷ фарзанд дорам ва илова бар ин бо фарзандхонӣ ҳам қабул  кардаам. Се нафари дигарро фарзанзхонӣ кардаам, ки ба онҳо тамрин низ медиҳам.

Мактаби варзишии Расул Боқиев чӣ нақшаҳо дорад?

Чуноне ки дар боло қайд кардам, пештар мо имконияти ташкил намудани мусобиқаҳоро надоштем. Дар ифтитоҳи толори нав ба мо Сафорати Тоҷикистон дар ФР низ кӯмак расонидааст, ки акнун мо метавонем дар байни варзишкорон мусобиқаҳо ташкил кунем.  Санаи 31-уми март ба мусобиқаҳои варзишӣ ба Тибилисӣ меравем, баъд аз он санаи 1-уми апрел бахшида ба Наврӯз байни варзишкорони мактаб мусобиқа дорем ва асосан ба Чемпионати Аврупо-2017 омодагӣ дида истодаем.

© Sputnik /
Расул Боқиев ба ҳамватанон ва тоҷикони Русияро Наврӯзро муборакбод гуфт
Барчаспҳо:
муҳориба, куштӣ, варзиш, сармоягузорӣ, Расул Боқиев, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ