Хатлон: беҳтарин милисаҳои футболбоз муайян шуданд

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТФутболбозии милисаҳои Хатлон
Футболбозии милисаҳои Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон байни кормандони милитсия даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ дар ин сабқати варзишӣ зиёда аз 20 даста рақобат карданд.

Ба даври нимниҳоӣ 4 даста роҳ ёфтаанд.

Мақоми аввалро дастаи футболбозони Хадамоти муҳофизаи вилояти Хатлон гирифта, соҳиби Ҷому ифтихорномаҳо шуданд.

Ҷои дуюм насиби бозигарони дастаи қисми низомии 3503 аз шаҳри Қурғонтеппа ва ҷои сеюм насиби милисаҳои шаҳри Сарбанд гардид.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи футболи хурд тайёрии ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, обутоби бадан ва ҷалб намудани кормандони милитсия ба намудҳои варзиш мебошад.

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТДастаи футболбозони милисаи Хатлон
Дастаи футболбозони милисаи Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи футболбозони милисаи Хатлон

Мусобиқа аз 8 то 22  май бо ширкати зиёда аз 20 даста идома ёфт.
Гуфта мешавад, ки сабқати футбол ба  муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ гузаронида шуд.

Манбаъ меафзояд, ки доварон ва нишонзанҳои беҳтарин бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0