Дастаи футболи “Истиқлол” дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби калон шикаст дод

© Фото : сайт ФФТМатч "Истиклол" - "Хосилот"
Матч Истиклол - Хосилот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, дар ин сабқат “Истиқлол” ҳарифашро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Шоми дирӯз  бозии охирини даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои  "Истиқлол"-и Душанбе  ва "Хуҷанд"-и  Хуҷанд баргузор шуд.

Тавре равобити умуми Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри  Душанбе  баргузор гардид ва дар ин дидор дастаи "Хуҷанд" бо  ҳисоби  0:3 аз дастаи   "Истиқлол" шикаст хӯрд.

Голҳои  дастаи "Истиқлол"-ро ба дарвозаи "Хуҷанд" Ромиш  Ҷалилов, Дмитрий Барков ва Соҳибҷон  Ҳакимов  ба ҳадаф расониданд.

Лентаи хабарҳо
0