15:18 23 июни 2017
Пахши мустақим
Мусобиқаи футбол дар Маскав

Пирӯзии дастаи Рӯшон бар Шоҳдара: идомаи бозии футбол кӣ бурду кӣ бохт

© Sputnik Каллиников Кирилл
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
29351

Дастаи Рӯшон тими Шохдараро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Рӯзҳои таътили гузашта дар майдони Спартаковетси Маскав 12 даста барои дарёфти "Ҷоми Оқохони IV" байни ҳам рақобат карданд.

Дар ин бора роҳбари шӯъбаи итилоотии ташкилоти "Нур" Аброр Боймамадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки дар ин вохӯрӣ тимҳои Сучон — Барӯшон, Ғунд — Деҳрӯшон, Вамд  - Вамар, Вахон — Помир 04, Сохчарв — Куйбишев ва Шохдара — Рӯшон бозӣ карданд.

Тими Рӯшон бо ҳисоби 5:0 бар дастаи Шохдара ғолиб омад.

Бозигарони дастаи Сучон  ва Барӯшон бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданд.

"Дастаи Деҳрӯшон бо ҳисоби  3:2 рақибони худ аз тими Ғундро мағлуб кард", — хабар дод мусоҳиб.

Бозигарони дастаи Вамар бар тими Вамд бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада, тими Вахон рақибони худ аз дастаи Помир 04-ро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод. Бозии дастаи Сохчарв ва Куйбишев бо пирӯзии дастаи дувум анҷом ёфт.

Натиҷаи бозиҳои даври чаҳорум
© Фото: Аз бойгонии Аброр Боймамадов
Натиҷаи бозиҳои даври чаҳорум

 

Дар умум барои дарёфти "Ҷоми Оқохони IV" 19 даста байни ҳам рақобат мекунанд.

Инҳо: Вамар, Поршнев, Сохчарв, Куйбишев, Вамд, Рӯшон, Ишкошим, Помир 4, Вахон, Шоҳдара, Криша мира, Сучон, Дети Памира, Хоруғ, Барушон, Деҳрушон, Ғунд, Помир Душанбе ва Хоруғ 1 мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта "Ҷоми Оқохони IV" насиби дастаи Вамар шуда буд.

Мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартаковетс" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.

Мавзуъ

Рақобат барои "Ҷоми Оқохони IV": пирӯзии дастаи Сохчарв бар Поршинев
Рақобат барои "Ҷоми Оқохони IV" идома дорад: кӣ бурду кӣ бохт
"Ҷоми Оқохони IV": рақобати нуздаҳ даста барои ҷоми футбол дар Маскав
Барчаспҳо:
футбол, ташкилоти "Нур", Аброр Боймамадов, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ