01:03 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Куштигирон, акс аз бойгонӣ

Дар чемпионати ҷаҳон 9 куштигири тоҷик ватанро муаррифӣ мекунанд

© Sputnik / Константин Чалабов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

28 август то 3 сентябри соли равон дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тавре Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо иттилоъ медиҳад, дар қаҳрамонии ҷаҳон дар умум 451 варзишкор  аз 86 давлат ширкат меварзанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар чемпионати мазкур 9 варзишгар — Суҳроб Боқиев (вазни —60 кг), Хушқадам Хусравов (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Саидмухтор Расулов (-73 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Хуршед Маҷидов (+100 кг) муаррифӣ хоҳанд кард.

Пешатар хабар дода шуд, ки ду куштигири тоҷик- Комроншоҳ Устопириён ва Саидҷалол Саидов бо далели таъхири парвоз ба Ҷоми қаҳрамони Осиё нарасиданд.

Худи Комрошоҳ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло ба ҷемпионати ҷаҳон омодагӣ мебинад ва мехоҳад дастовардҳои беҳтаринро дар ин қаҳрамонӣ ба даст орад.

Барчаспҳо:
Ҷоми ҷаҳон, сабқат, варзишкор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ